'ИмрӯзNews' муваззаф шуд, ба писари Ҳукумов 50 000 сомонӣ диҳад

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баҳси додгоҳии писари раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон бо нашрияи «ИмрӯзNews»-ро ба поён бурда, дувумиро ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ муваззаф кард. Вакили мудофеи «ИмрӯзNews» мегӯяд, бо ин ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва аз болои он ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят холҳанд бурд.
Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, раиси корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон», рӯзномаи «ИмрӯзNews» - ро дар паст задани шарафи худ муттаҳам карда, 50 000 сомонӣ ҷуброн талаб карда буд. Норозигии аслии Рустам Ҳукумов, ба як навиштаи рӯзнома, таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» - и падарҳо шудаанд», рабт дорад, ки «ИмрузNews» онро 16-уми октябри соли 2012 нашр кардааст.
Назири Нусрат, муаллифи матлаб мегӯяд, қазияҳои боздошти Ҳукумов ва Максим Боқиев, писари раисиҷумҳури собиқи Қирғизистонро ба баррасӣ кашида, дар навиштааш дар ягон ҷо ба таҳқир роҳ надодаст.
Рустам Ҳукумов се сол пеш бо ҳукми додгоҳе дар Русия барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуда буд. Ин иттилоъ пас аз боздошти ду халабони ширкати русии «Ролкан» дар Тоҷикистон тавассути расонаҳои Русия рӯи об баромад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |