Бо мақсади сайқал додани донишу малакаи касбии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, имрӯз, 26 –уми феврал, дар минтақаи Варзоб машқҳои махсуси тактикӣ, доир гаштанд.
Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, ин машқҳо ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ нигаронида шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ дар ин машқҳо ҳайати шахсии Маркази наҷотдиҳии Кумита, дастаи зудамали ситоди шаҳри Душанбе, Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулоддава мудофиаи граждании ноҳияи Варзоб, мутахассисони Маркази идоракунии Кумита ва кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ ва хадамоти патрули шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб иштирок доштанд.
Гуфта мешавад, ки зимни баргузории чунин машқҳо, ҳар дафъа унсурҳои нав зам мегарданд, ки барои пешгирии ҳолатҳои фавқулода ё наҷотдиҳӣ – кофтуковӣ самарабахш мебошанд.
Мӯҳр