Талоши навбатии Душанбе барои ҳалли қазияи Амузанг

Корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аз роҳиоҳанчиёни кишварҳои пасошӯравӣ хостааст, барои барқарор кардани ҳаракати қатораҳо ба ҷануби Тоҷикистон мусоидат кунанд.
Владимир Собкалов, муовини аввали раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, дар ҷаласаи масъулини роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ, ки барои баррасии ҳамлу нақли бор дар солҳои 2013 – 2014 дар шаҳри Душанбе ҷамъ омадаанд, масъалаи масдуд шудани ҳаракати қатораҳо дар самти Амузанг – Хатлонро ба миён гузошта, хостааст ба ин қазия расидагӣ кунанд. Ӯ роҳи оҳанчиёни пасошуравиро огоҳ кардааст, ки тайи 1,5 соли масдудияти ин роҳ ба ҷануби Тоҷикистон ягон қатора нарафтааст. Дар ҳоле, ки тибқи иттилои "Роҳи оҳани Тоҷикистон" қаблан теъдоди кормандони роҳҳои оҳани ҷануби кишвар бештар аз 1,5 ҳазорро нафарро ташкил медодааст.
Усмон Қаландаров, муовини дигари раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аввали соли равон изҳор дошт, ки "барои барқарор кардани ин қитъаи роҳи оҳан ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кардем. Ягон кас дар ин масъала кӯмак накард. Ҳатто ҷониби Узбакистон дафъаҳои охир ба номаҳои мо посух намедиҳад”.
Қитъаи роҳи оҳани Амузанг - Хатлон, ки қисматҳои ҷанубии Тоҷикистону Узбакистонро мепайваст ва роҳи транзитӣ барои Тоҷикистон ҳисоб мешуд, моҳи ноябри соли 2011 аз ҷониби мақомоти Узбакистон баста шуд. Тошканд гуфт, ин қисмати роҳ гӯиё дар пайи як амали террористӣ ва тахриби як купрук масдуд гардидааст. Тоҷикистон мегӯяд омода аст, қисматҳои тахрибшударо аз ҳисоби худ барқарор намояд, аммо Узбакистон таклифҳои Душанберо оиди кӯмак барои барқарор намудани купрук беҷавоб гузоштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |