Боздошти гуруҳи қочоқбарони афғон дар Душанбе
Дар шаҳри Душанбе як гуруҳи қочоқбарро, ки муддати тӯлонӣ ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон, тавассути қаламрави Тоҷикистон ба Русия машғул будааст, ошкор кардаанд.
Рӯзи 28 фкврал аз Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, ки саркардаҳои ин гуруҳ ду шаҳрванди Афғонистон, зодаи Қундуз ва Тахор будаанд, ки муваққатан дар шаҳри Душанбе иқомат доштаанд. Ба иттилои манбаъ, зимни боздошт аз шаҳрвандони афғон 5 кило ҳероин мусодира шудааст, ки бар асоси ташхис дар лабораторияи шимоли Афғонистон омода шудааст.
Масъулини Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мегӯянд, алайҳи ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз шуда, барои боздошти аъзои дигари ин гуруҳ амалиёт идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |