Бахшҳо
04 мар 2013 17:32Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Бохти миллионҳо дар "Аквапарк" азми Убайдуллоевро нашикастааст

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА

Маҳмадсаид Убайдуллоев, мири шаҳри Душанбе, чанд рӯз қабл барои пешниҳоди беҳтарин лоиҳа ҷиҳати эъмори иншооти сохтмонаш нотамоми “Аквапарк” дар пойтахт озмун эълон кард. Гуфта мешуд, ин озмун аз 25 феврал оғоз гардида, натиҷаи ниҳоии он дар рӯзи 13 апрел эълон мешавад.

Маврид ба тазаккур аст, ки “Аквапарк”-и нотамоми Душанбе дар маркази шаҳр ҷойгир буда, сохтмони он ҳанӯз 10 сол қабл оғоз шудааст. «Эмек иншаат», як ширкати сохтмонии туркӣ дар соли 2004 барои бунёди ин тафреҳгоҳ аз ҳукумати пойтахт 2 миллион доллари амрикоӣ гирифта, баъдан дар паи ихтилофот оид ба арзиши ин иншоот онро нотамом гузошт ва пули шаҳрдориро барнагардонда Тоҷикистонро тарк кард.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро ширкати туркӣ маблағи гирифтаашро ба буҷаи шаҳр барнагардонд ва аз қаламрави кишвар бе ягон мушкил хориҷ шуд? Мо барои рӯшанӣ андохтан ба ин паҳлӯи масъала ба Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик, муроҷиат намудем. Ӯ гуфт: «Воқеан, шаҳрдорӣ дар рӯзҳои аввале, ки ширкати туркии "Эмек иншаат" аз идома додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот даст кашид ва кормандони он Тоҷикистонро тарк карданд кӯшиш намуд, ки ин ширкатро ба додгоҳ кашида, маблағҳоро бозпас бигирад. Аммо аз сабабе, ки дар вақти бастани шартномаи дутарафа баъзе нуқсонҳо мавҷуд буданд, ба ин кор муваффақ нашуданд».

Ҳамсӯҳбатамон, яке аз ин камбудҳоро дар мавҷуд набудани нишонӣ ва макони муайяни ширкат дар Туркия унвон карда афзуд, он суроғае, ки дар шартнома нишон дода шуда буд, нодуруст буд ва дар Туркия як чунин ширкат бо ин нишонӣ сабти ном нашудааст. Ба қавли ҳуқуқшинос, ин аз он дарак медиҳад, ки дар вақти интихоб намудани ширкати сохтмонӣ аз тарафи комиссия ҳама паҳлӯҳои масъала пурра омӯхта нашуда буд. Оқои Қудратов ба ояндаи ин иншоот ва бунёди он хушбин буда, изҳор медорад, ки тайи даҳ соли ахир мо шоҳиди пешрафту дигаргуниҳо дар бахши сохтмону бунёдкорӣ будем ва «Аквапарк» низ ба воситаи ширкатҳои ватанӣ ва ё хориҷӣ рӯзе бунёд мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки на ҳар ширкати дигар қудрат ва ҳавсалаи бунёди як чунин иншооти бузургро пас аз ин қадар сару садо ба зимма мегирад. Аммо иқтисодшинос, Шамсиддин Ҷалолов ин андешаро бепоя хонда мегӯяд, фазои инвеститсионии феълӣ аз даҳ соли қабл ба куллӣ тафовут дорад. Ба гуфти ӯ, ҳоло муносибати байни соҳибкору мақомоти иҷроия тағйир ёфта, намунаи онро дар амалкарди шаҳрдории пойтахт эҳсос менамоем: «Мо шоҳиди бунёд шудани чандин иншоот ва биноҳои муосири истиқоматӣ дар пойтахт гаштем ва баъдан ҳам мегардем. Лекин ногуфта намонад, ки тиҷорати имрӯза бе таваккал (риск) намешавад». Номбурда афзуд, ки аз сабаби ӯҳдадориҳои худро иҷро накардани як ширкат, кулли соҳаи соҳибкорӣ ё шаҳрдориро гунаҳкор донистан ғалат аст. Ӯ умедвор аст, ки сохтмони ин маҷмааи дилхушӣ дар ояндаи наздик, аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ ё хориҷӣ, ба итмом мерасад.

Сокинони пойтахт низ дар мавриди бунёди чунин иншооти серхарҷ ва дар айни замон муосир бетараф нестанд. Холикназар Ҷумаев, аз ҷумлаи онҳоест, ки сохтмони аквапарку монанди ин биноҳоро ҷонибдорӣ мекунад: «Ҳар шаҳри бузург, ба хусус пойтахт, бо иншоотҳои бузург ва марказҳои фарҳангию фароғатии оммавиаш аз дигар марокиз фарқ мекунад. Ба фикри ман, бояд сохтмони аквапарки нотамом ба анҷом расад. Имрӯз, мутаассифона, мо ягон иншооти фарқкунанда, ки барои сайёҳон ва ҳатто сокинони худи пойтахт ба қадри кофӣ ҷолиб бошад, надорем».

Комрони Луқмонзода, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бошад, бунёди аквапаркро дар шароити кунунӣ нозарур медонад: «Мардуми мо тавоноии иқтисодии фароғат дар чунин ҷойҳоро надоранд. Агар бо чунин маблағ корхонаи истеҳсолӣ сохта шавад, беҳтар аст. Он ҳам иқтисоди Тоҷикистонро боло мебарад, ҳам барои чандин муҳоҷири меҳнатӣ дар ватан ҷои кор фароҳам меорад».

Мавҷудияти марказҳои дилхушиву тафреҳ дар шаҳрҳои калони саноатӣ, инчунин пойтахтҳои кишварҳои мутамаддин амри зарурӣ мебошад. Бархе аз сокинони пойтахт низ шаҳрро бе аквапарк тасаввур карда наметавонанд. Амири Нур, коршиноси масоили иҷтимоӣ бар ин назар аст, ки дар шароити имрӯза бахши аъзами мардуми кишвар пойбанди мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ мебошад: «Таъсири омилҳои зиёд дар ҳаёти инсон сабаби хастшавии асаб мешавад. Бинобарин, одамизод пайваста мекӯшад бо ҳар роҳу восита аз чунин ҳолат берун шавад, ҳатто агар барои давраи муваққат бошад. Иштирок дар чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва ва сайругашт дар боғҳою гулгаштҳо аз ҷумлаи беҳтарин васоити дамгирии асаби инсон аст. Бинобарин, ман фикр мекунам дар шароити кунунӣ бунёди аквапарк ва дигар нуқтаҳо ва марказҳои фарҳангию фароғатӣ барои мардуми тоҷик заруранд. Инсоният на танҳо фақат барои пайваста ранҷ кашидан офарида шудаааст. Ӯ ҳуқуқ ба истироҳат ва фароғат ҳам дорад.»
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)