Бо назардошти татбиқи марҳилаи аввали лоиҳаи обтаъминкунӣ дар шаҳри Душанбе, ки бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ сурат мегирад, тасмими ҷонибҳо оид ба тарҳрезии ҳамкориҳо барои марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳаи мазкур бо натиҷаи хуб анҷом пазируфт.
Тавре Шавкат Сайидов, сухангӯи райиси шаҳр ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар мактуби худ намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Қараев унвонии райиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор доштааст, ки шўрои директорони ӣҷроияи Ассосиатсияи Байнахалқии Рушд маблағгузории марҳилаи дуюми лоиҳаи обтаъминкунӣ дар шаҳри Душанберо ба миқдори 10 миллиону 100 ҳазор доллар, ҳуқуқи махсуси қарздиҳӣ - баробарарзиш ба 16 млн доллари ИМА ҳамчун грант ҷонибдорӣ намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки тафоҳуми мазкур дар асоси истодагариҳои шаҳрдорӣ дар мулоқотҳои қаблӣ бо ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ самар додаанд ва навбати дуюми татбиқи лоиҳа тӯли панҷ сол азхудкунии 16 млн $ гранти бебозгашти Бонки Умумиҷаҳонӣ ва 3 млн $ маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо дар бар гирифта, он хизматрасонии қарзии вазорати молияро дар ин самт ихтисор менамояд.
Шавкат Сайидов ҳамзамон афзуд, марҳилаи дуюми лоиҳа баҳри ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда ба 76, 5 ҳазор муштариён (47%) насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхонаро дар бар хоҳад гирифт.
{jathumbnail off}
Мӯҳр