Додгоҳи Бишкек барои истирдоди имоми фирории узбак розӣ нашуд

Додгоҳи шаҳри Бишкек қарори додситонии кулли Қирғизистонро дар мавриди истирдоди имом-хатиби фирории узбак ба кишвараш ғайриқонунӣ эълон кард.
Чанде қабл додситонии кулли Қирғизистон қарореро содир намуда буд, ки бар асоси он Ҳабибуллоҳ Сулаймонов, имом-хатиби фирории узбак, ба кишвараш бозпас дода мешуд. Ҳабибуллоҳ Сулаймонов, собиқ имом-хатиби яке аз масоҷиди шаҳри Янгиюли Узбакистон, соли 2002 ба хотири таҳти фишори мақомоти давлатии узбак қарор гирифтан ва раҳоӣ аз иттиҳомоти сохтаи онҳо рӯ ба гурез оварда, ин кишварро тарк менамояд. Аммо соли 2012 аз сӯйи Кумитаи амнияти миллии ҷумҳурии Қирғизистон боздошт мегардад.
Бино ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, Ҳабибуллоҳ Сулаймонов аз сӯйи саркомиссари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи башар ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ шинохта шудааст. Аз ин рӯ, додгоҳи шаҳри Бишкек қарори додситонии кулли кишварашро дар мавриди истирдоди ӯ ба Узбакистон ғайриқонунӣ хонд.
Дар ҳоле ки Ҳабибуллоҳ Сулаймонов бояд баъд аз ҳукми суд ба озодӣ мебаромад, мақомоти Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ба хотири бо асноди қалбакӣ ва ғайриқонунӣ убур намуданаш аз марзи ин кишвар алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. Токтогул Абдиев, вакили мудофеи имом-хатиби узбак, мегӯяд, нафари таҳти ҳимояташ ба хотири наҷоташ маҷбур буд даст ба ингуна корҳо бизанад.
Маврид ба зикр аст, Қирғизистон аз соли 2005 то кунун 12 шаҳрванди Узбакистонро, ки таҳтип айгарди пулис қарор доштанд, ба мақомоти кишварашон бозпас додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |