Бахшҳо
27 мар 2013 09:56Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Чаро аз Роғун дигар намегӯем?

Дар як соли охир ҳарфи Роғун тақрибан аз забонҳо уфтода, танҳо бо ин ё он изҳорот дар ин замина иктифо мешавад. Дар ҳоле ки дар солҳои пеш Роғун як василаи таблиғи кори ҳукумат ва шахсиятҳои алоҳидаи кишвар буд. Хабарнигори “Озодагон” ба се коршинос муроҷиат карда ва сабаби кам гуфтанҳо дар бораи Роғунро пурсид.


Шодӣ ШАБДОЛОВ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби коммунист:


“Ҳукумат дар мавриди Роғун хомӯш нест. Албатта, бо сиёсати ҳукумат ман дар бештар масоил мухолифам, вале дар масъалаи Роғун ҳукумат хомӯш нест. Ҳоло музокира ҷараён дорад. Ҳукумат хомӯш нест, яъне ҳукумат таслим нашудааст. Агар ҳукумат аз Роғун рӯ гардонад, мардум аз ҳукумат рӯ мегардонад. Чунки мардум охирин кафанпулии худро барои Роғун супориданд. Аз ин хотир, ин ҳукумат вазифадор ҳаст, ки Роғунро бунёд кунад. Ҳозир парлумони Аврупо дастгирӣ мекунад. Мутахассисони амрикоӣ ҳам гуфтанд, ки ин беҳтарин тарҳи эенержӣ аст, на танҳо барои минтақа, ҳатто барои Покистону Афғонистон. Чунки бо нархи бозори ҷаҳонӣ мефурӯшем. Бояд гуфт, новобаста аз хоҳиши дигар кишварҳо мо Роғунро месозем. Агар Русия маблағ ҷудо накунад, дигарон ҷудо мекунанд ва мавқеи Русия кам мешавад дар мо. Албатта, мо аз ҳисоби буҷа наметавонем Роғунро бисозем.”

Қаҳрамон БАҚОЗОДА, созмони тадқиқоти сотсиологии "Зеркало":

“Яке аз сабабҳои дар бораи Роғун кам гуфтан, ба назари ман шояд интизориҳои давлат аз натиҷаҳои таҳқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ бошад. Баъд аз нашри ин натиҷа фаъолият дар масъалаи ҷалби сармоя бештар мешавад. Аз он ҷумла, дар расонаҳои хабарӣ низ маълумоти зиёде пайдо мешавад.”

Бахтиёр ҲАМДАМОВ, сармуҳаррири "Минбари халқ":

“Имрӯз барои Тоҷикистон, "Роғун" гуфтан ва ё атрофи он ҳангома барпо кардан муҳим нест, муҳим ин аст, ки Роғун бисозем. Гумон мекунам, сабаби асосии вақтҳои охир кам Роғун гуфтанҳо ин аст, ки баъзе кишварҳои хамҷавор атрофи ин масъалаи сирф энержӣ ҳангомаҳои сиёсӣ барпо карданд, ин то андозае ба манфиати кор нест ва шояд ҳамин иқдоми чанд моҳи ахир барои мо хуб аст, ки зиёд "Роғун" нагӯему Роғун бисозем. Сари ҳамин масъала ба ин боварам, ки Роғунро ҳатман месозем, новобаста аз он, ки дигарон нисбати бунёди он чӣ андешаи муғризона доранд. Чунки лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун аз ҳар ҷиҳат созгор буда, танҳо ба манфиати Тоҷикистон нест, балки ба манфиати тамоми минтақа аст.”
Мӯҳр
Хангомаю хамхамаю валвалаи солхои 2009-10 оиди Рогун хатои сиёсии рахбари давлат буд.

офтоб хуршед Муроди
Рогун Рогун хонаи чандин мардони худододро обод кард бензин ва солярка, реси хок, семент хулоса масолехи сохтмони як вакти муаян дар Оби гарму Рогун арзон шуда буд, аз дасти, ки чавобаш маъ лум хамон ахаха медонед.
Чаноби оли хар руз мегуяд аммо инхо кори худро мекунанд.
Охир эй халки оли фахм мо точикистонихо аз он замистони сард аз он азобхо ки тули бист сол моро азоб доданд ба бахори нав баромадаистодаем бийоед ягон чизи нагз бикорем то пас аз 10-20 сол хосилашро гирем он чизи ман дар назар дорам якаш рогун бошад боз дар богхо нихол ва дигар зиатхоро (маъориф, фарханг ва гайра) низ аз йод набароред .
Рогун моро аз бухрон мебарорад. Хама медонад танхо сохтанаш даркор . Иншаоллох месозем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)