Мактабҳо бе «Маърифати ислом» мемонанд
Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, «Маърифати ислом» ҳамчун фанни дарсӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҷорӣ намешавад.
Маҳмудхон Шоев, сухангӯйи Вазорати маориф ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, ки феълан вазорат дар ҳоли таҳияи барномаҳои таълимӣ аст ва дар ҷараёни он муаяйн мешавад, ки кадом фанҳо дар макотиби ҳамагонӣ омӯхта ва кадоме тадрис нашавад. “Аммо дарси «Маърифати ислом» ба таври умумӣ гӯем ҷорӣ намешавад”,-афзуд манбаъ.
Вазорати маорифи Тоҷикистон соли 2009 китоби «Маърифати ислом»-ро ҳамчун фанни дарсӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҷорӣ кард ва аммо дар охири ҳамон сол таълими ин фан қатъ карда шуд.
Фанни «Маърифати ислом» замоне баста шуд, ки курсии вазириро Абдуҷаббор Раҳмонов, ҳоло ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ ба номи Садриддин Айнӣ дар ихтиёр дошт. Собиқ вазири маориф сабабҳои манъ шудани таълими онро дар мукаммал набудани барномаи таълимӣ, сифати китоби дарсӣ ва норасоии омӯзгорон марбут дониста буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |