Баҳси Кабирӣ ва шаҳрдории Душанбе 10-уми апрел баррасӣ мешавад

Баррасии баҳси Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва шаҳрдории Душанбе дар Додгоҳи таҷдиди назар ё кассатсионӣ 10-уми апрели соли равон баргузор мегардад.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Бузугмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ хабар дод. Ӯ гуфт, додгоҳи таҷдиди назар, шикояти Кабириро аз болои ҳалномаи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пештар ҳукумати Душанбе ба додгоҳ шикоят бурда, талаб намуд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ маъзарат пурсад. Асоси даъвои шаҳрдорӣ як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад” буд, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ аз дарахтбуриҳо дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш мекард. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ 29-уми январи соли равон қарор кард, ки бояд барои суханҳояш дар бораи вазъи экологии Душанбе, раҳбари ҲНИТ аз тариқи васоити ахбори умумии кишвар, аз шаҳрдорӣ узрхоҳӣ намояд.
Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ дар яке аз вохӯриҳояш гуфта буд, мехоҳад ин масъаларо бо роҳи мусолиҳа ҳал кунад. Ҷаноби Кабирӣ далелҳои пешниҳоднамудаи шаҳрдориро беасос хонда гуфта буд: “Вақте ки навори баромадро бо стенограмма дар Маҷлиси Олӣ баррасӣ намудаанд, ба хулоса омаданд, ки ягон қонунвайронкунӣ нест.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |