Бордюжа: Иддае ҳаракатҳои эътирозиро дар Осиёи Миёна фаъол карданиaнд

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) аз талоши кишварҳои хориҷӣ барои фаъол намудани ҳаракатҳои эътирозӣ дар Осиёи Миёна изҳори нигаронӣ кардааст.
Бордюжа, зимни як нишасти хабарӣ оиди вазъи минтақа изҳор доштааст, ки бархе аз кишварҳои хориҷӣ талош мекунанд, дар Осиёи Миёна тавозуни ҳарбиро шикананд ва дар сиёсатҳои дохилию хориҷии минтақа шартҳои худро бор кунанд.
Дабири СПАД кишвареро ном набурда, таъкид намудааст, ки то ҳол талошҳои зиёди бархе аз давлатҳоро сабт кардаанд, ки ба фаъол гардидани ҳаракатҳои эътирозӣ дар Осиёи Миёна равона шудаанд. Ӯ гуфт, кишварҳои хориҷӣ бо пуштибонии молӣ, иттилоотӣ ва ташкилӣ кӯшиш мекунанд ҳаракатҳои эътирозиро дар Осиёи Миёна фаъол намоянд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Ҷеймс Клаппер, сардори Хадамоти ҷосусии Амрико, дар парлумони ин кишвар, гузориши нав оид ба таҳдидҳои байналмилалӣ ба амниятро муаррифӣ карда, хатари асосиро барои амнияти Осиёи Миёна муносибатҳои шахсии раҳбарони давлатҳои минтақа арзёбӣ кардааст:
“Тайи солҳои охир, раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ наметавонанд, забон ёбанд. Раҳбарони ин минтақа таъмини муътадилияти кӯтоҳмуддатро аз ислоҳоти иқтисодию сиёсӣ боло мегузоранд. Дар ҳоле, ки маҳз ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ метавонанд, муътадилии бардавоми кишварҳои минтақаро таъмин созанд. Аксари раҳбарони мамлакатҳои Осиёи Миёна аз шуришҳое, амсоли “Баҳори араб” дар ҳаросанд ва эътирозҳои кӯчакро ҳам пахш мекунанд. Раҳбарони ин кишварҳо рақобати шахсӣ доранд ва баҳсҳои марзӣ, обӣ ва энержӣ барои сар задани муноқиша дар Осиёи Миёна замина мегузорад. Бо назардошти ин сар задани даргирии ғайричашмдошт дар минтақа аз эҳтимол дур нест.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |