Карзай: Мулло Умар метавонад муддаии мақоми президентӣ шавад

Мулло Умар, роҳбари ҳаракати «Толибон», метавонад барои курсии раёсатҷумҳурии Афғонистон талош варзад. Ин нуктаро Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури феълии Афғонистон изҳор доштааст.
Ҳомид Карзай ба манзури ширкат дар музокирот оид ба дурнамои ифтитоҳи намояндагии “Толибон” дар хориҷи кишвар ба Қатар сафар дошт. Бино ба иттилои расида, дар ин музокирот зикр шудааст, ки агар «Толибон» аз хушунат даст бардошта, аз иртибот бо созмони террористии «Ал-Қоида» даст бикашанд, мушкили ҷиддие бо мақомоти Афғонистон боқӣ намемонад ва масъалаи боз кардани намояндагии он дар хориҷи кишвар ҳам ба осонӣ ҳали худро пайдо мекунад.
Ҳомид Карзай дар суҳбат ба расонаҳои ғарбӣ баъд аз анҷоми музокирот гуфтааст, қонуни асосии Афғонистон барои тамоми мардуми кишвар нигаронида шудааст ва бояд барои ҳама манфиат биоварад, аз ҷумла барои Толибон ҳам. Ба қавли вай, тибқи қонунгузории ҷории кишвараш Мулло Умар имкон дорад, дар интихоботи президентии соли 2014 номзадии худро пешниҳод созад: “Вай метавонад номзад ба мақоми президентӣ шуда, ба афғонҳо имкон диҳад ба ҷонибдорӣ ё хилофаш райъ диҳанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |