Иқдоми нави Мегафон ва Вазорати маориф барои таблиғи технология

Ширкати «МегаФон» ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди беҳтарини сомонаи «МегаДонишҷӯ» озмун эълон кардаанд.
Мувофиқи шартҳои озмун донишҷӯёне, ки аз рӯйи ихтисоси «Информатика ва барномасозӣ» таҳсил мекунанд, бояд сомонаеро тарҳрезӣ кунанд, ки он барои ҷамъи донишҷӯён манфиатовар ва ҷолиб бошад. Дар озмунд онишҷӯёни 6 мактаби олии кишвар - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Донишгоҳи славянӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат иштирок хоҳанд кард.
Корҳои анҷомёфта аз рӯйи меъёрҳои дизайн, ҷолибият (интерактивӣ), маълумотнокӣ, маҳорати муаррифӣ, техникаи иҷроиш баҳогузорӣ мешаванд. Ба ҳайати ҳакамон намояндагони Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, ширкати «МегаФон», ҳамчунин мутахассисони пешбари соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дохил хоҳанд шуд.
Муаррифии лоиҳаҳо 18-уми апрел дар доираи лоиҳаи «МегаФорум», ки аз ҷониби ширкати «МегаФон» тӯли се соли ахир баргузор мешавад, сурат хоҳад гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |