Вазир нозири роҳро барои дағалӣ ва ронандаро барои роҳкирои барзиёд ҷавобгар кардааст

Давоми моҳи март ба рақами 2 21 21 21, телефони боварии вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимов 61 шаҳрванди кишвар занг зада арзу шикоят ва пешниҳодҳояшонро ироа кардаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, аз 61 арзу шикояти шаҳрвандон, ки тариқи телефони боварӣ ворид гардидааст, 8 ба фаъолияти ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ мансуб аст.
Аз ҷумла, шаҳрванд Мухторов Ҷ.Х. оиди рафтори дағалонаи пропоршики милитсия, Ғоибов К. корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ муроҷиат карда буд, ки дар натиҷаи санҷиш даъвои муроҷиаткунанда тасдиқи худро ёфт ва барои чунин рафторҳои ғайриоинномавӣ пропоршики милитсия Ғоибов К. ба ҷазои интизомӣ ҷалб карда шуд.
Инчунин сокини Ваҳдат, Тоирова Шамъигул, аз болои шавҳараш Саидов А.О барои латту кӯби додараш ба телефони боварии вазир занг задааст. Дар натиҷа аз тарафи кормандони ШВКД шаҳри Ваҳдат шаҳрванд Саидов А.О ва Саидов О.О. бо дастрасии моддаи 237 қисми 2, яъне ҷинояти авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Баробари ин шаҳрванд Алиева Зеварой дар мавриди риоя нашудани маблағи роҳкиро аз тарафи ронандаи нақлиёти мусофиркашонии тамғаи «Мерседес-210», таҳти идораи Ҳабибов Маҳмадшо шикоят намудааст. Вобаста ба шикояти мазкур аз тарафи масъулони ВКД муайян карда шудааст, ки ронандаи номбурда, бе иҷозатномаи махсус ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул буда, нисбаташ мутобиқи талаботи моддаи 510-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол гардидааст.
Масъулини Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, бештари муроҷиатҳои воридгардида, ба шаҳри Душанбе рост омада, то имрӯз қисми зиёди онҳо мавриди санҷиш қарор дода шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |