Акбаршоҳ Искандаров: “Аз номзадҳои эҳтимолӣ душман натарошед”
Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон, аз ҳукумат даъват кард, ки барои баргузории интихоботи шаффофи раёсати ҷумҳури ин кишвар дар моҳи ноябри соли ҷорӣ шароит фароҳам оварад.
Ӯ, ки рӯзи чоруми апрел дар маҳфили Бунёди “Муколамаи тамаддунҳо” ба раҳбарии Иброҳим Усмонов дар Душанбе сӯҳбат мекард, ҳамчунин аз мақомоти давлатӣ хост, аз номзадҳои эҳтимолӣ барои худ душман натарошанд ва тағйиру ислоҳҳо ба қонуни интихоботро бипазиранд.
Дар маҳфили Бунёди “Муколамаи тамаддунҳо”, ки ин бор меҳмонаш Акбаршоҳ Искандаров буд, бештари суолу ҷавоб дар атрофи Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои олӣ дар бист соли пеш ва ҳамчунин вазъи кунунии кишвар чархиданд. Ҷаноби Искандаров дар ин суҳбати худ аз кулли сокинони Тоҷикистон бахшиш пурсид, ки натавонист пеши ҷанги дохилии Тоҷикистонро бигирад, ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, тамоми талошашро дар ин замина ба харҷ дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |