СММ: Анҷоми ташхиси "Роғун" вазъи Осиёи Миёнаро шиддат мебахшад

Созмони милали муттаҳид мегӯяд, анҷоми ташхиси нерӯгоҳи “Роғун”, ки соли равон дар назар аст, метавонад, вазъ дар минтақаро ба якборагӣ шиддат бахшад.
Ян Ҳарфст, масъули СММ дар кишварҳои Аврупо ва ИДМ, зимни як ҳамоиш дар Вашингтон бо таъкиди ин нукта, афзудааст, ки СММ талош дорад барои коҳиши танишҳо дар мавриди “Роғун” қадамҳое гузорад, аммо мавқеъгириҳои Узбакистон имкон намедиҳад. Ҳарфст интиқод кардааст, ки Узбакистон дар баробари масоили минтақавӣ, ки “Роғун” аз ҷумлаи онҳост, танҳо аз “дипломатияи чакана” кор мегирад, яъне ба ҷои гуфтушунидҳои чандҷониба дар доираи созмонҳо, аз музокироти дуҷониба истифода мебарад.
Ҳарфст бо дар назардошти анҷоми ташхиси “Роғун” дар соли равон таъкид кардааст, ки вазъ дар минтақа метавонад шиддат ёбад: “Бино ба ин СММ баробари ҳамкориҳо бо Узбакистон Тоҷикистон бо кишварҳои дигари минтақа, Чин, Русия ва Қазоқистон низ ҳамкорӣ мекунад, то шиддатро дар минтақа коҳиш диҳад.”
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Узбакистон ҳафтае пеш ишора карданд, ки натиҷаҳои ташхиси “Роғун”-ро дар сурати ба манфиати Тоҷикистон анҷом ёфтанашон қобили қабул нестанд. Шавкат Ҳамроев, муовини вазири обу хоҷагии қишлоқи Узбакистон ахиран дар суҳбат бо Радиои СММ гуфт, “мусиқиро оне фармоиш медиҳад, ки пул медиҳад ва аз ин лиҳоз чун ба ташхисгарони Роғун ҷониби Тоҷикистон маблағ медиҳад, мувофиқан ин ташхис ба манфиати Тоҷикистон хоҳад буд.”
Мақомоти узбак иддао доранд, ки дар сурати сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” зарари хоҷагии қишлоқи Узбакистон ба 600 миллион доллар дар як сол расида, ҳудуди 300 ҳазор нафарро дар ин кишвар бекор мемонад.
Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон онро масъалаи “ҳаёту мамоти” кишвар хондааст, дар сурати бунёд бо иқтидори 3600 мегават ва садди 335 метра, бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд ва Тоҷикистонро аз як кишвари муҳтоҷи нерӯи барқ ба содиркунандаи он табдил хоҳад дод. Давлати Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки иддаои зарари "Роғун" асосе надоранд, зеро об дар садди нерӯгоҳ ба тадриҷ ва дар муддати бештар аз як даҳсола ҷамъ гардида, ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа истифода хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | 31 | |