60 дарсади бекорони қазоқ зан мебошанд
Мизони бекорӣ дар Қазоқистон дар соли 2012 нисбат ба солҳои пешин поин рафтааст.
Тавре Агенти омори Қазоқистон хабар додааст, шумораи шаҳрвандони бекор дар ин кишвар дар соли сипаришуда 474,8 ҳазор нафар ё худ 5,3%-и аҳолиро ташкил додааст, ки аз ин нишондод, 39,7% мардон, 60,3% занон ва 3,9% ҷавонони аз 15 то 24-сола мебошанд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар соли сипаришуда дар иқтисодиёти Қазоқистон 8,5 миллион нафар ё 67,9%-и ҷомеаи ин кишвар фаъол будаанд, ки нисбати солҳои пешӣ 2,5 дарсад бештар мебошад.
Шумораи кормандони шартномавӣ дар соли 2012 дар Қазоқистон ба 5,8 миллион нафар расидааст, ки 68,3% теъдоди умумии нафарони дар иқтисод саҳмдоштаро ташкил медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |