Роҳиби амрикоӣ гуфт, 2 ҳазору 998 нусхаи Қуръонро месӯзонад
Терри Ҷонс, роҳиби амрикоӣ, ки бо амалҳои пархошҷӯёнаи зиддиисломӣ маъруф аст, қасд дорад, теъдоди зиёде аз нусхаҳои Қуръони Каримро оташ занад. Рӯзномаи Washington Times навиштааст, вай ин амалро ба хотири ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001-и Амрико анҷом медиҳад.
“11-уми сентябри соли 2013 мо2,998 нусхаи Қуръонро месӯзонем, то хотираи онҳоеро, ки аз сӯи исломгароён кушта шудаанд, гиромӣ дорем”,-омадааст дар варақаи иттилоотии созмони “Амрико, бархез!” (Stand up America!). Дар торнамои ин созмон, ки Терри Ҷонс роҳбарӣ мекунад, гуфта шудааст, китобҳоро соати панҷи шом дар Тампа-Бэйи Флорида ба оташ мекашад.
Ҷонс 20-уми марти соли 2011 дар ҳузури тақрибан 50 нафар дар яке аз ибодатхонаҳои Флорида як нусхаи Қуръонро оташ зад. Ин амали вай вокуниши зиёдеро дар саросари ҷаҳон ба бор овард. Соли 2012 ин роҳиб ҳамроҳ бо ҷонибдоронаш боз ба сӯзондани Қуръон иқдом кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |