Дидори Раҳмон бо Эштон дар Брюссел

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар Брюссел бо Кетрин Эштон, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, дидору мулоқот кардааст. Бино ба қавли дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин дидор бештар “масоили ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо” баррасӣ шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо бештар ба ҷараёни таҳияи Стратегияи нави Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 таваҷҷуҳ кардаанд. Ҷаноби Раҳмон гуфтааст, “масоили амниятӣ дар Осиёи Марказӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, таҳкими мубориза бо терроризму экстремизм, рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳамгироӣ дар соҳаи истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои глобалӣ бояд дар меҳвари муносиботи судбахши Иттиҳоди Аврупо бо минтақаи мо қарор дошта бошанд”.
Гуфта шудааст, ки “тадбирҳои Тоҷикистон барои зиёд намудани интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон дар фасли тобистон, ки дархости ҷониби Афғонистон аст ва бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон мавриди дастгирӣ ва пуштибонии Иттиҳоди Аврупо қарор хоҳад дошт”.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи нуҳуми апрел бо як сафар ба шоҳигарии Белгия рафт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |