Рӯҳонии тоҷик тарбияро аз пешниҳоди Хадамоти алоқа муҳим донист

Бархе аз рӯҳониёни тоҷик, ки аксар вақт барои ҷилавгирӣ аз фаҳшо дар ҷомеа даъват мекунанд, аз пешниҳоди ахири Хадамоти алоқа дар мавриди қатъи дастрасии ҷавонон ба торнамоҳои дорои матолиби фаҳшо истиқбол карданд. Аз ҷумла, Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Академияи исломии ҲНИТ, гуфт, “Хадамоти алоқа кори хубе кардааст, агар чунин пешниҳод карда бошад ва барои татбиқи он талош кунад. Зеро ин тасмим ва иҷрои он метавонад дар тарбияи насли наврас то ҷое таъсир расонад.”
Вале мегӯяд Зубайдуллои Розиқ, бо масдуд намудани торнамо ё сайтҳои фаҳшо наметавон комилан пеши роҳи афзоиши бадахлоқӣ дар ҷомеаро гирифт. Зеро ба андешаи ӯ, бояд бештар ба тарбияи маънавии наврасон аҳамият дод. «Бидуни тарбияи хуб ин гуна иқдом ҳеҷ таъсир ва кумаке расонда наметавонанд. Ин ҳама бояд дар якҷоягӣ бо тарбия анҷом дода шаванд. Бояд қайд намуд, ки масдуд намудани чунин сомонаҳо танҳо роҳи ҳал нест. Зеро дар сурате, ки наврас тарбияи хуб наёфта бошад, ингуна корҳо ҳеҷ таъсире расонда наметавонанд»,-афзуд раҳбари Академияи исломии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон.
Ӯ илова кард, «тарбия дар мақоми аввал меистад, манзурам, тарбияи маънавие, ки падару модарон дар хона ва муаллимон бошанд, дар мактабҳо медиҳанд. Дигар роҳҳо дар мақоми дувуманд.»
Ахиран Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо пахши як иттилоия аз ширкатҳои интернетрасони кишвар даъват кардааст, ки бо истифода аз технологияҳои муосир дастрасии наврасонро ба «сайтҳои фаҳшу бемаънӣ ва хусусияти зӯроваридошта» маҳдуд кунанд. Ҳоло дар Тоҷикистон боз кардану дидан ва нусхабардорӣ намудани матолиби торнамоҳои фаҳшо озод аст. Аммо баъзе аз коргоҳҳову идораҳҳо дар дохили корхонаи худ чунин сайтҳоро масдуд кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |