Сафири Амрико: ФБР омодааст, Малика ва Сабинаро пайдо кунад
Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе ба вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимов, гуфтааст, омодаанд, ки барои пайдо кардани Малика ва Сабина Араловаҳо кормандони Хадамоти кашфи Амрико (ФБР)-ро биёранд.
Ин ҳарфҳоро Сюзан Эллиот дар дидораш бо оқои Раҳимов рӯзи шанбеи 13-уми апрел баён доштааст. Ба қавли хонум Эллиот, намояндагони ФБР дар ин маврид таҷрибаи бой дошта, ҳамчунин бо тамоми таҷҳизоти муосир таъминанд.
Аз нопадид шудани Малика ва Сабина, ки яке чоруним ва дигаре шаш сол дорад, беш аз 20 рӯз сипарӣ шуда, ҳанӯз ҳам мақомот ба дарёфти онҳо муваффақ нашудаанд. Ахиран вазири умури дохилӣ низ аз пайдо нагаштани ин ду кӯдак нигаронӣ карда, онро заъфи гуруҳи оперативӣ унвон кард. Ҳоло барои пайдо кардани Сабина ва Малика Араловаҳо тафтиши шиноснома ва ҳамчунин гирифтани из ё пайи ангушти баъзе афрод идома дорад.
Ёдовар мешавем, ин ду духтарчаи ноболиғ рӯзи 25-уми март, тақрибан соати 16-00 аз кӯчаи Айнии пойтахт бедарак шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |