Якрӯ

Азизи НАҚИБЗОД
Ӯ як коммунист аст, шояд атеист низ бошад, аммо эҳтиромаш пеши ман аз даҳҳо вакили мусулмонзодае, ки худро мусалмону боимон мешуморанд, болотар аст. Миёни 62 вакили Маҷлиси намояндагон танҳо вай ва Муҳиддин Кабирӣ ҳастанд, ки ба садои виҷдони хеш гӯш медиҳанд. Ангор танҳо ин ду нафар намояндаи мардуми тоҷик бошанд. Фақат ин ду нафаранд, ки тарҳи қонунҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба баррасӣ мекашанд ва ба он лоиҳаҳое, ки бар зарари мардум тамом мешаванд, мухолифат мекунанд.
Ин ду нафаре, ки дидгоҳу ақида ва арзишҳояшон тамоман мухолифи ҳамдигаранд, вале дар ин лаҳзаҳо ҳамсангар ва ҳамназар мешаванд. Аз як тараф ҷонибдорӣ мекунанд, он ҳам ҷониби мардум. Тарфдории мардумеро мекунанд, ки худ ҳазор дард дораду аммо вакилонаш гоҳҳо барояш бо қонуну қарорҳои аҷибу ғарибе мушкили тоза эҷод мекунанд.
Аслан, ҷои тавсиф надошт, агар вакилони дигар низ ҳамчунин мебуданд, зеро вазифаашон намояндагӣ аз мардум ва пуштибонӣ аз манофеи онҳост. Аммо мағзи сухан ҳам инҷост, ки дигар вакилон чунин нестанд. Онҳо вақте, якдилона ба тарафдории қарорҳое, ки бар хилофи суди мардум аст, тугма пахш мекунанд, нидои виҷдонро намешунаванд ва заъфи имонашонро ба намоиш мегузоранд. Охир як нафар мусалмоне, ки имони қавӣ дорад, чӣ гуна метавонад ба тарафдории қонунуне, ки алайҳи фармудаҳои Худост овоз диҳад? Чунин менамояд, ки онҳо на танҳо халқро пеши назар намеоранд, эшон ин лаҳза фарзандону пайвандони худро низ, ки ҷузъе аз ҳамин мардуманд, гӯиё фаромӯш мекунанд. Шояд замони тугмапахшкунӣ пеши назарашон танҳо имтиёзҳои вакилӣ ҷилвагар шаванд. Тааҷҷубовар аст, ки дар ҳамин ҳолат Худо ёдашон меомада бошад? Шубҳа дорам.
Шояд дарк кардед, ки дар хусуси кӣ ҳарф мезанам? Бале, ӯ Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аст. Ҳамоне ки дар парлумон чанд сол қабл ба фаъолияти ширкати пулчинаки IRS мухолифат намуд. Дар ҳоле ки дигарон аз тарс на танҳо ба фаъолияташ ризоият доданд, балки имтиёзҳои бузурге низ барояш фароҳам оварданд. Касе аз онон напурсид, ин ширкат, ки аз ҳама беваву бечора, ночору нодор, ранҷуру бемор пул мегирад, чӣ манфиате ба ин халқу миллат дорад? Вале Шабдолов то имрӯз якрӯ боқӣ монд. Ҳарфи дили худ ва қалби мардумро гуфт.
Ҳамин Шабдолови коммунист буд, ки вақте парлумон қонунҳои мухолифи шариат қабул кард, зидди тасвиби чунин қонунҳо баромад. Яъне, фикри бародарони ҳаммеҳани мусалмони худро кард.
Шунидам, ки гурӯҳе аз милисаҳо вақте супориш гирифтаанд, ки дар бархе аз марказҳои савдои Душанбе ба намозгузории соҳибкорон монеъ шаванд, аз ҳамдигар пурсидаанд, ки «фардо пеши Худо чӣ хоҳем гуфт?» Ва нишони азоби виҷдон дар чеҳраҳои баъзе аз милисаҳо ҳувайдо будааст. Ҳоло суол инҷост, ки оё дар дили вакилони тоҷик заррае чунин эҳсос боқӣ монда аст? Аксариятро намедонам, вале гуфтор ва рафтори Шабдолов гувоҳӣ медиҳад, ки шарораҳои виҷдон дар дилаш рӯшан аст.
Қариб ҳар сол парлумон бо хоҳиши ҳукумат ба баъзе аз ширкатҳо имтиёзҳое мисли озод намудан аз андоз ва боҷи гумрукӣ медиҳад. Ба назар мерасад, ки барои аксар вакилони парлумон ҳеч аҳамият надорад, ки он корхона чӣ ширкатест ва оё барои мо манфиаташ бештар аст, ё зарараш. Ба қарибӣ парлумон ба ширкати «Осиё экспрес» имтиёз дод. Боз ҳам Шабдолов буд, ки садо баланд кард: «Чаро мо ба ширкате имтиёз диҳем, ки ба ҷои осон намудан, кори моро мушкил мекунад. То ҳол таксиҳои худӣ моро бо 3 сомонӣ мебурданд, имрӯз таксиҳои ин ширкат бо 25 сомонӣ мебаранд».
Вақте парлумон масъалаи ба гарав мондани ҳуқуқи истифодаи заминро баррасӣ мекард, ин бор ҳам Шабдолов буд, ки гуфт: “Бародарон, ҳуқуқ мафҳуми арзишӣ аст, мисли шараф, мисли номус. Чӣ гуна метавон шарафро ба гарав гузошт ё фурӯхт?”
Ба назарам чунин менамояд, ки ҳарфи дилу забони ин сиёсатмадор як аст. Фикру ақидаи худро дорад ва бо хоҳиши дили худ рафтор мекунад, на мисли дигар вакилону сиёсатмадорон ва зиёиёни мо, ки аз гуфтани ақидаи хеш меҳаросанду ақидаи дигаронро тарғиб мекунанд.
Шабдолов берун аз парлумон ҳам хилофи виҷдон ҳарф намезанад, дурӯғ намегӯяд, ҳарчи буд ҳамонро ба забон меорад. Имрӯз ҳарчанд аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон 16 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, мансабдорону сиёсатмадороне гоҳ бо ишораву гоҳе ҳам рӯирост як ҷониби сулҳро сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ унвон мекунанд. Шодӣ Шабдолов дар суҳбати охираш ба он ишора кард, ки давлати Шӯравиро худи сарваронаш аз Маскав барбод доданд. Инҷо ҳеч гуноҳи неруҳои демократӣ набуд. Ҷанги шаҳрвандиро низ кишварҳои манфиатдор ба миён оварданд, на наҳзатиҳову демократҳо.
Ҳарчанд эроду эътирозҳои Шабдолов ва Кабирӣ дар парлумон ба ҷое намерасанд, ҳарчанд аз буданашон дар парлумон тағйиру таҳаввуле намешавад, вале буданашон моро умедвор мекунад: Ҳануз рӯҳи ин миллат зинда аст!
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |