Бахшҳо
15 апр 2013 14:21Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Кӣ Тоҷикистонро фақир кард?

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА

Созмони Милал дар гузорише таҳти унвони шохиси рушди инсонӣ дар соли 2013, Тоҷикистонро фақиртарин кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ эълом кард. Бар асоси ин таҳқиқот, 3.1 дарсади аҳолии Тоҷикистон, ки дар як шабонарӯз камтар аз як доллар даромад доранд, дар фақри мутлақ ба сар мебаранд ва беш аз 47 дарсади аҳолии кишвар, ки даромади рӯзонаашон аз 2 доллар ва 15 сент камтар аст, ба камбизоатии сахт гирифторанд. Аз ин хотир, Созмони Милал мизони фақри Тоҷикистонро болотар аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ эълом кардааст.

Тоҷикистон аз ботлоқи фақр берун набаромадааст

Дар ин феҳраст тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, дар мақоми 69, Туркманистон дар мақоми 102, Узбакистон дар мақоми 114 ва Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишвари кӯчаки ин минтақа низ дар рутбаи 125 қарор доранд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, ахиран дар парлумон гуфт, аз соли 2003 то соли 2007 мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон 23 дарсад коҳиш ёфта, дар чор соли баъд мизони фақр дар ин кишвар беш аз як дарсади дигар коҳиш ёфт. Бар асоси гузориши интишорёфта мизони фақр дар миёни аҳолии шаҳру русто ва ҳамчунин манотиқи Тоҷикистон бо ҳам мутафовит аст. Ба ин тартиб, мизони фақр барои шаҳрҳои Тоҷикистон беш аз 36 дарсад ва барои манотиқи рустоӣ бештар аз 50 дарсад эълом шудааст. Ҳамзамон бештарин мизони фақр марбут ба вилоятҳои Суғд ва Хатлон эълом шудааст, ки ба тартиб беш аз 52 ва 50 дарсад ҷамъияти ин ду вилоят зери хати фақр ба сар мебаранд.
Пажуҳишгарон нархи болои бекорӣ, тахриби беш аз 90 дарсади захоири зеризаминӣ, камбуди дастрасӣ ба нерӯи барқ, набуди оби ошомидании солим ва сатҳи поёни таҳсилотро аз авомили асосии бурузи фақр дар Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд. Профессор Муним Ҳасанов мегӯяд, афроди ба кор машғул буда, бояд даромаде болотар аз меъёри камбизоатӣ дошта бошанд ва камбизоатӣ худ чанд ҳудуд дорад. Ҳудуди поинӣ (камбизоатии мутлақ) 1,8 доллар ё 5 сомонӣ барои аъзои як хоҷагӣ дар як шабонарӯз аст. Ҳудуди дувумӣ “нисбатан” камбизоат, ки дар як шабонарӯз даромади камтар аз 2,5 доллар доранд. Агар 5 нафар дар як хонавода зиндагӣ кунанд, бояд дар 2 рӯз даромадашон аз 200 сомонӣ бештар бошад. Аз ин поинтар камбизоатӣ ҳисобида мешаваду ба ҳамин хотир одамон кӯшиш мекунанд, манбаи иловагии даромад пайдо намоянд, то ба ин гурӯҳ дохил нашаванд.

Профессор Муним Ҳасанов мегӯяд, “барои нафароне, ки аз сабаби беморӣ ва ё пиронсолӣ қобилияти кор кардан надоранд, бояд давлат онҳоро бо нафақа таъмин кунад ва ё дигар имкониятҳоро фароҳам оварад, то аз сатҳи камбизоатӣ бираҳанд. Дар ин ҳангом метавон аз мавҷудияти адолати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон гуфт. Мутаассифона, нафақаву кумакпулиҳое, ки гурӯҳҳое аз мардум дарёфт мекунанд, аз ҳадди ҳамон камбизоатӣ бисёр камтар аст.”
Ба фақирон моҳихӯрӣ не, моҳидорӣ ёд диҳед!

Гуфта мешавад, созмонҳои байналмилалӣ вобаста ба мақсадҳои худ ингуна нишондиҳандаҳоро баҳогузорӣ мекунанд. Вале дар асл барои баҳодиҳии фақирии мардуми тоҷик як ё ду нишондиҳанда, минҷумла маош ё даромади оила кифоя намекунад. Дар ҳамин маврид доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, мардуми тоҷик як хусусияти иҷтимоӣ дорад, ки агар дар оила фарзанд сарватманду соҳибмаълумот бошад, ба дигар аъзои оила ва хешутабор кумак мерасонад, ин як сарчашмаи даромад аст.

"Даромади мардуми деҳот аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва иҷора иборат аст, ки дар аксари маворид ба ҳисоб гирифта намешавад. Дигар инки маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки солона 4 миллиард доллар ба кишвар ворид мекунанд, дар вақти баҳодиҳӣ баҳисоб гирифта нашудааст",-изҳор дошт Табаралӣ Ғаниев.

Абдуллоҳи Ашӯр, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, низ ин гузориши СММ-ро бадеҳӣ медонад. Ӯ мегӯяд, мушкил дар он аст, ки гурӯҳи бузурги аҳолии Тоҷикистон то ҳол дар банди фақр ҳастанд: "Бинобар ин, кулли барномаҳои зидди фақр бояд дар асоси ҳамон зарбулмасали моҳӣ ва асбобии моҳидорӣ асос ёбад. Чун танҳо дар ҳамин ҳолат мешавад ба фақр ғолиб омад."

Мардум бидуни кумаки ҳукумат пешрафт мекунанд

Аммо Табаралӣ Ғаниев муамморо дар инҷо дар надоштани ҳунар медонад. Агар аз нигоҳи қобилияти меҳнатӣ нигоҳ карда шавад, беш аз 70 дарсади мардуми деҳот чунин ҳунарерор надоранд, ки ин як доғи рӯз аст. Ба қавли номбурда, бояд барномаи мактаби миёна дигар гардад, то ингуна макотиб ба ҷомеа афроди соҳибҳунар бидиҳад. “Барои ин мардуме, ки баъд аз 2 сол дастаи бекорони зиёд ва камбизоатро ташкил мекунанд, бевосита мактабҳои махсуси касбӣ дар дохили худи макотиби миёна лозим аст. Мушкили аввалиндараҷа барои мардуми тоҷик акнун доштани касб аст, чун шахси беҳунар монанди кӯрест, ки ҳарчи қадам мегузорад хатари лағзиданаш бештар мешавад. Муаммои камбизоатии Тоҷикистон имрӯз ҳамин беҳунарист”,-гуфт мусоҳиби мо.

Ҳатто аз рӯи тавлидоти нохолиси дохилӣ, ки 800 доллар бар сари ҳар нафар аҳолии Тоҷикистон рост меояд, нишон медиҳад, ки боздеҳии касбӣ садҳо маротиба аз дигар мамлакатҳо камтар аст. Пештар ҳукумат бо мадади созмонҳои байналмилалӣ дар яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон барномаеро ба мақсади дар ҳар оила ҳисоб кардани камбизоатон ва кумаки молӣ расонидан ба онҳо гузаронданӣ буд, ки дар он маблағе барои онҳо дода мешавад, то тиҷорат ё фаъолияти соҳибкориро оғоз кунанд, ҳазинаи ин лоиҳа 1,3 млн. долларро фаро мегирад. Аммо дар кулл ба назар намерасад, ки барномаҳои ҳукумати Тоҷикистон барои кам кардани мизони камбизоатӣ дар кишвар чизеро тағйир дода бошад.

Барои пеш бурди иҷтимоиву иқтисодӣ барнома ва мутахассисону андешаҳои тозадошта ҳам дида намешавад. Имрӯз мардум машғули коштани пахтаву зироатанду кори дигаре дар Тоҷикистон нест. Вале ҳамаи инҳоро дар асоси технологияи нав бояд барномарезӣ кард. Чун дар як оила аз 10 нафар 9 кас телефони ҳамроҳ доранду дар робита бо истифодаи технология мардум пешрафт кардаанд, аммо дар пешбурди иқтисоду тиҷорат ва ҳифзи иҷтимоии мардум пешрафте дида намешавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)