Модари Ҳамза Икромзода: Аз ширкат дар мурофиа худдорӣ мекунем, агар...

Модари Ҳамза Икромзода, маҳбусе, ки тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами аввали Душанбе ба ҳалокат расида буд, гуфт, то замоне ки 9 ҷавобгар барои марги писараш ба додгоҳ ҳозир нашаванд, аз ширкат дар мурофиаи додгоҳӣ худдорӣ хоҳад кард. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, вакили мудофеашон, Гулчеҳра Холматова низ дар ҳоли ҳозир дар сафари хидматӣ қарор дорад.
Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза Икромзода, инчунин аз шеваи баргузории мурофиаи додгоҳӣ дар робита ба марги писараш дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт изҳори норизоӣ кард. Ӯ гуфт, “12-уми апрел ба мо аз суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе чанд бор телефон карда гуфтанд, ки рӯзи 15 апрел соати 10:00 ба утоқи №4 биёед, бо Шумо як сӯҳбате дорем. Ҳангоме моро ба толори суд дароварданд, фикр кардам, суҳбаташон дар ин ҷой мегузарад. Аммо ғайричашмдошт пас аз даромадани мо 30 нафари дигар вориди толор шуда, мурофиаи судиро сар намуданд. Мо ба далели ин ки пешакӣ огоҳ набудем ва адвокати мо иштирок надошт, гуфтем дар мурофиа иштирок намекунем.”
Ҷӯраева афзуд, “ҳангоме гуфтем, ширкат наекунем, бародари судшаванда Маҳмуд Исмоилов маро дашном кард ва писарам Амиралиро як нафар аз кормандони суд зада, ба берун кашид.”
Ҳамза Икромзода моҳи сентябри соли 2012 дар зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе ба таври мармуз ба ҳалокат расид. Волидонаш мегӯянд, ӯ аз сӯи бархе аз маъмурони зиндон кушта шудааст, вале мақомот онро танҳо худкушӣ медонанд. Бо ин ҳол, Додситонии кулли Тоҷикистон санҷиши ин қазияро ба анҷом нарасонда ва хулосаи худро дар бораи марги Ҳамза Икромзода низ баён надоштааст.
Дар акс: Модари Ҳамза Икромзода дар рӯзи марги писараш. Деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |