Дахолати Эмомалӣ Раҳмон ба қазияи қаторҳои Тоҷикистон (ВИДЕО)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 16-уми апрел дар мулоқот бо Сергей Степашин, раиси Палатаи ҳисоби Русия, даъватҳо дар бораи манъи қаторҳои Тоҷикистон ба Русияро баррасӣ кардааст.
Степашин дар пасманзари гуфтугузорҳо оид ба қатъи ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, “ман ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардам, ки хуб мешуд, агар Дмитрий Рогозин, ноиби сарвазир ва раиси комиссияи марзбонии Русия шахсан ба Тоҷикистон ояд ва масоили таҷдиди қаторҳои Тоҷикистон ва беҳбуд бахшидани вазъи санитарии қатораҳоро баррасӣ намояд.”
Степашин дар мулоқот бо Раҳмон таъкид кардааст, дар ҳоле ки зиёда аз 1 миллион сокини Тоҷикистон дар Русия иқомат доранд, қатъи пурраи иртиботи Тоҷикистону Русия ғайриимкон аст ва расман чунин талаботро касе пеш нагузоштааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Идораи марзбонии ФСБ-и Русия пешниҳод кардааст, то бартараф шудани як қатор камбудҳое, ки ахиран Дмитрий Рогозин, ноиби сарвазири Русия ва Генадий Онишенко, сардухтури санитарии ин кишвар дар қаторҳои Тоҷикистон ошкор кардаанд, вуруди қаторҳои Тоҷикистон ба Русия манъ шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |