Навмедии мухлисони футбол ва шарҳи сармураббии “Регар-ТадАЗ”
Ибодуллоҳи ТОҲИР
Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”, заъфи футболбозони тимаш дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро шарҳ дод. Ӯ гуфт, ба далели ин ки бархе аз бозигарони ботаҷрибааш аз даста берун рафта ва ё ба тими дигар пайвастаанд, имкони пирӯзии онҳо дар рақобат бо ҳарифонашон камтар шудааст.
Ҳоло футболбозони “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар бозиҳои Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “А” ҳунарнамоӣ мекунанд. Ин даста дар бозии даври чорум бо тими “Кувайт”-и Кувайт рӯ ба рӯ, аммо бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст хӯрд, ки боис ба сарусадои зиёде дар миёни мухлисони футбол дар Тоҷикистон шуд. Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии “Регар-ТадАз”, мегӯяд, “аксар бозигарони ботаҷрибаи мо, аз ҷумла Ҷамшед Исмоилов, Даврон Тухтасунов ва Неъматов аз даста рафтанд. Бар замми ин, чанд бозигари дигари даста маъюб шуда буданд ва ба онҳо иҷоза нашуда буд, ки ба майдон бароянд ва он бозигаронеро, ки дар ин бозӣ ба майдон бароварда будем, ҳайати асосӣ набуданд.”
Мухлисону дӯстдорони футбол аз роҳ ёфтани ду дастаи сермухлистарини Тоҷикистон -- “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Равшан”-и Кӯлоб изҳори хушнудӣ мекарданд. Аммо пас аз чаҳор бохти пайдарпайи дастаи овозадори “Равшан” ва шикасти охирини “Регар-ТадАЗ” аз дастаи “Кувайт”-и Кувайт бо ҳисоби бузург навмедиеро дар дили онҳо ҷо кардааст.
Қурбоналӣ Шеров, як мухлиси футбол, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “чемпионҳои футболи мо танҳо дар бозиҳои дохилӣ пирӯз мешаванд ва дар бозиҳои байналмилалӣ бошад, 5 гол аз дарвозаи худ сар медиҳанду ҳатто ба як голи ҳарифон посух дода наметавонанд. Ман аз як чиз норозиям, ки чаро ингуна бозиҳоро дар варзишгоҳи марказии пойтахт неву дар Хуҷанд мегузаронанд. Футболбозони мо ниёз ба мухлисӣ доранд ва агар мухлисонашон зиёд бошанд ва онҳоро дастгирӣ кунанд, онҳо низ руҳбаланд шуда маҳорати хуб нишон медиҳанд.”
Аммо Ҳабибулоев мегӯяд, ҳайате, ки дар бозиҳои қаҳрамонии Тоҷикистон қувваозмоӣ мекунанд, аз ҳайате, ки дар бозиҳои гурӯҳи Ҷоми AFC-2013 бозӣ доранд, пурқувват ҳастанд. Футболбозони дастаи "Регар-ТадАЗ" нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013-ро дар гурӯҳи “А” дар меҳмонӣ бо тими “Сафо”-и Лубнон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Ин тим рӯзи 12-уми марти соли ҷорӣ дар бозии даври дувум дар шаҳри Хуҷанд аз дастаи “Ал-Риффа”-и Баҳрайн бо ҳисоби 0:3, дар бозии даври сеюм аз тими “Қувайт”-и Қувайт бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд.
Бо ин ҳол, Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев мегӯяд, “аз гурӯҳ баромадани мо имкон дорад, зеро дар пеш ду бозии дигар дорем ва агар дар ҳардуи бозиҳо пирӯз шавем, аз гурӯҳ мебароем.” Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар бозии даври панҷуми гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 бо тими “Сафо”-и Ливан дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд ба сабқат мебарояд. “Регар-ТадАз” бозии даври шашумашро дар гурӯҳи “А” рӯзи 1-уми май бо “Ал-Риффа”-и Баҳрайн анҷом хоҳад дод.
Дастаи “Равшан”, ки дар бозиҳои даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “D” ҳунарнамоӣ мекунад, дар чор бозии гузашта аз ҳарифони худ шикаст хӯрдаанд ва дар ҷадвали ин гурӯҳ бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |