ВКД пардохти 10 ҳазор $-ро ба хонаводаи Сангов рад кардааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қарори додгоҳро дар мавриди пардохти 10 ҳазор доллар ҷубронпулӣ ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов рад кардааст.
Тавре Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД, ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, ниҳоди онҳо аз болои қарори додгоҳ дар мавриди пардохти 46 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ба хонаводаи Сангов шикояти кассатсионӣ бурда, интизор дорад, ки ин қарор лағв хоҳад шуд.
Додгоҳи ноҳияи Сино аввали моҳи март қарор баровард, ки Вазорати корҳои дохилӣ ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов, як сокини Душанбе, ки аз шиканҷаи маъмурони пулис фавтида буд, ҳудуди 10 ҳазор доллари амрикоӣ ҷубронпулӣ пардохт кунад.
Он замон Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи хонаводаи Сангов, дар шарҳи ин қарор ба “Озодагон” гуфт, “ин бори аввал дар таърихи Тоҷикистон аст, ки додгоҳ барои татбиқи шиканҷа як ниҳоди қудратиро ба пардохти ҷубронпулӣ муваззаф кардааст.”
Сафаралӣ Сангов дар моҳи марти соли 2011 бо ҷароҳатҳои вазнин аз шӯъбаи дувуми милисаи ноҳияи Синои Душанбе ба бемористон овард, вале баъди 4 рӯз даргузашт. Додгоҳи Душанбе Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов – ду милисаи гумонбар дар бадрафторӣ нисбат ба Сафаралӣ Санговро танҳо дар «хунукназарӣ» муҷрим шинохт ва бар асоси қонуни афв, аз ҷавобгарӣ ҳардуро раҳо кард.
Парвандаи Сангов аз пурсарусадотарин қазияҳои марбут ба шиканҷаву бадрафтории мақомоти интизомии Тоҷикистон шуд ва маҳз ин қазия яке аз омилҳое гардид, ки Тоҷикистон таҳти фишори созмонҳои байналмилалӣ моҳи феврали соли 2012 дар қонуни ҷиноияш банди махсуси «шиканҷа»-ро ҳам ворид кунад.а шуда буд
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |