Мардикорҳои узбак “профсоюз” ташкил мекунанд
Як гурӯҳ аз мардикорони Узбакистон мехоҳанд, Итифоқи мардикорони узбак, ё худ профсоюзро дар кишвари худ таъсис бидиҳанд.
Тавре расонаҳои узбакӣ иттилоъ медиҳад, муассисони Иттифоқи мардикорони узбак нахустин ҷаласаи худро авохири соли гузашта баргузор намуда, Нуриддин Ҷуманиёзов, узви ҳизби мухолифи «Эрк»-ро, ки фаъолияти он дар қаламрави Убакистон мамнуъ аст, ба ҳайси раиси худ интихоб намудаанд. Ба қавли Ҷуманиёзов, ҳоло аъзои ин иттифоқ аз пайи ҷамъоварии маблағ барои расман сабти ном намудани он машғул мебошанд ва интизор меравад, дар наздиктарин вақт он сабти ном шавад.
Ҷуманиёзов мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси ин иттифоқ ҳимояи ҳуқуқи мардикорони узбак мебошад, ки ба гуфтаи ӯ осебпазиртарин табақаи мардуми Узбакистон ба шумор мерафтаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳоло Иттифоқи мардикорони узбак беш аз ҳазор нафар аъзо дошта, дар он муҳоҷирони кории узбак, ки дар хориҷ аз кишвар кор мекунанд, шомиланд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |