Тасаввуроти ҷавонони тоҷик дар бораи Ленин: Ӯ як шоир буд...
Дар даврони Шӯравии пешин 22-юми апрелро ба унвони рӯзи таваллуди Владимир Ленин, доҳии пролетариатҳои ҷаҳон, бо шукӯҳи хос ҷашн мегирифтанд. То кунун бисёриҳо аз Ленин ба ҳайси як сиёсатмадор, инқилобгар, марксист ва аввалин созандаи давлати сотсиалистӣ дар ҷаҳон ёдоварӣ мекунанд.
“Озодагон” тасмим гирифт, бахшида ба рӯзи таваллуди чунин як шахсияти таърихсоз назарпурсие анҷом бидиҳад ва аз насли ҷавон бипурсад, ки Ленин киву чикора буд?
Бахтиёр, донишҷӯ: “Ленин диктатори қавӣ буд. Ӯ соли 1870 таваллуд шуда ва соли 1924 вафот кард. Файласуфи тавоно ҳам буд. Ӯ метавонист 6-7 соат дам нагирифта аз минбар баромад кунад. Аз Қуръон зиёд мисолҳо меовард, аммо аз номи худаш мегуфт. Атеист буд...”
Фарангис, талабаи яке аз мактабҳои Душанбе: “Ленин подшоҳ буд.” Ба саволи мо, ки дар ин рӯз, яъне 22-юми апрел кӣ таваллуд шудааст, Фарангис чунин посух гуфт: Садриддин Айнӣ.
Фирӯз, мактабхон: “Ленин шоир буд.” Дар саволи оё ягон шеъри ӯро медонӣ, ӯ ҷавоб дод: “Хонед, хонед, боз хонед”.
Замир, донишҷӯ: “Ӯ инқилобчӣ буд. Ӯ яке аз ташкилкунандагони инқилоби соли 1917-ум дар Русияи империалистӣ буд.!
Матлуба, роҳгузар: “Не, намедонам. Мумкин ягон президенти Русия бошад.”
Асрор, ронанда: “Ленин “мужик” (мард) буд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |