10 000 $ ҷоизаи ҲНИТ барои ошкор кардани омилони латту кӯби М.Ҳайит
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), гуфт, ҳизбаш омодааст барои онҳое, ки омилони зарбу шатми Муҳаммадалии Ҳайитро ошкор мекунанд, ба унвони ҷоиза 10 ҳазор доллар бидиҳад. “Вақте яке аз хеши наздики раисиҷумҳур кушта шуд, мақомот барои ошкор кардани он ҷоизаи пулӣ эълон карданд. Баъд аз он дарҳол ин ҷиноят ошкор гардид”,-гуфт ӯ.
Оқои Кабирӣ, ки рӯзи 22-юми апрел дар як нишасти хабарӣ дар қароргоҳи ҲНИТ сӯҳбат мекард, ҳамла ба Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари ин ҳизбро маҳкум кард. Ӯ гуфт, бояд ба ин қазия Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ ба ҳайси раҳбари як ҳизби сиёсӣ (ҲХДТ) дахл кунад.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси Намояндагон ҳамчунин гуфт, дар посух ба фишорҳову таъқибҳо шитобкорӣ нахоҳанд кард. Чаро ки ба қавли ӯ, аксарият мунтазири амалкарди тунди ин ҳизбанд, то аз ин фурсат иғво барангехтаву фитна эҷод кунанд. “Мо ба самъи онҳо мерасонем, ки ҲНИТ сабри хеле зиёд дорад, вақте гап сари амнияти миллату давлат меравад”,-гуфт Кабирӣ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |