"Фаровон" боз месӯзад. Бозори марказии Қӯрғонтеппа дар коми оташ
Бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, мавсум ба “Фаровон”, бегоҳи 24-уми апрел ба коми оташ рафтааст.
Бархе аз тоҷирон дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, оташ ба тамоми нуқтаҳои савдо дар “Фаровон” доман зада, аксарияти онҳоро ба хокистар табдил додааст.
То ҳол хисороти ин сӯхтор ҳисоб нашуда, иллати сар задани он ҳам баён намегардад. Ин сӯхтор дар ҳоле рух дода, ки моҳи марти соли гузашта низ бозори “Фаровон” оташ гирифта, дар пайи он ҳаштод нуқтаи савдо сӯхта буд.
Бозори “Фаровон” дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа ҷо гирифта, дар он ҳудуди ҳазор нафар ба тиҷорат машғуланд.
Акс аз Азия-Плюс. Сӯхтори соли гузашта дар бозори Фаровон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |