Вазорат: Ба 75% аҳолии Тоҷикистон вараҷа таҳдид мекунад

Имрӯз, 25-уми апрел дар тамоми ҷаҳон рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории вараҷа таҷлил мегардад.
Дар изҳороте, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон бахшида ба ин рӯз пахш кардааст, таъкид шудааст, ки 75% аҳолии кишвар дар зери хатари сироятёбӣ бо бемории вараҷа сукунат доранд.
Ин ниҳод мегӯяд, бо вуҷуди он, ки дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ ягон ҳодисаи ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, “вазъи эпидемиологии бемории вараҷа ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад ва ҳанўз ҳам хатари паҳншавии он дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Чӣ хеле, ки таҳлили ҳолати беморӣ нишон медиҳад, дар солҳои охир интиқоли вараҷаи серўза асосан аз кишварҳои Осиёи шарқӣ ва ҷанубӣ, аз ҷумла аз Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон ва аз шарқи наздик Эрон сурат мегирад”
Новобаста аз он, ки дар соли 2008 Тоҷикистон ба барҳамдиҳии ҳодисаҳои маҳаллии вараҷаи тропикӣ ноил гардида башад ҳам, ҳамасола ҳодисаҳои интиқолии вараҷаи тропикӣ аз мамлакатҳои экватории Африқо, ба монанди Судон, Нигер, Серра-Леон ва Гвинея ба қайд гирифта мешаванд.
Манбаъ мегӯяд, шумораи зиёди бемории вараҷа дар ҷумҳурӣ соли 1997, 29 ҳазору 794 ҳодиса ба қайд гирифта шуд, аммо нишондоди вазъи ҳақиқии беморӣ аз рўи баҳогузории Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ даҳҳо маротиба зиёд буд.
Гуфта мешавад, ҳамасола шумораи манбаъҳои фаъол ва ҳодисаҳои маҳалии бемории вараҷа кам гашта истодааст. Дар соли 2012 ҳамагӣ 33 ҳодисаи бемории вараҷа ба қайд гирифта шуд, ки нисбати соли 2011-ум 45 ҳодиса ва ё 57,7% кам мебошад.
Вараҷа дар Тоҷикистон ҳамчун бемории оммавӣ дар солҳои 60-уми асри гузашта амалан аз байн бурда шуд, фақат манбаъҳои алоҳидаи он дар ҷануби кишвар, асосан дар ноҳияҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон боқӣ монда буд.
Аммо дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар натиҷаи муҳоҷирати иҷборӣ ва бозгашти гурезагон ба маҳалҳои зисти муқимии худ, вараҷа боз аз сари нав характери оммавӣ гирифт, ки ба ҳамаи ин нобосомониҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишвар боис гардид.
Қариб 40% аҳолии кураи замин дар зери хатари сироятёбии бемории вараҷа қарор доранд. Ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 500 миллион одамон ба бемории вараҷа гирифтор шуда, зиёда аз як миллион аз ин беморӣ мефавтанд.
Вараҷа дар ҳар як 30 сония сабаби марги як нафар кўдак дар ҷаҳон мегардад.
Бемории вараҷа бештар ба иқтисодиёти давлатҳои Африқо хисороти зиёд оварда, дар давлатҳои Осиё, Амрикои Лотинӣ, Шарқи наздик ва ҳатто дар як қисми Аврупо низ мавҷудияти хешро нигоҳ доштааст.
Бояд зикр намуд, рўзи байналмилалии мубориза бо бемории вараҷа аз тарафи Ассамблеяи байналмилалии тандурустӣ дар 60-умин ҷаласаи он соли 2007 қабул гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |