Дастури Ҳукумов барои ҷалби додситонию хабарнигорон ба қазияи қаторҳо (ВИДЕО)

Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон бо пахши як иттилоия изҳороти мақомоти воломақоми Русияро дар бораи қаторҳои Тоҷикистон бепоя хонд.
Дар иттилоияи ин ниҳод, ки рӯзи 25-уми апрел пахш гардид, пешниҳоди қатъи омадурафти қаторҳо, "дахолати Русия ба бозори хизматгузории Роҳи оҳани Тоҷикистон" арзёбӣ шудааст.
Ин ширкат мегӯяд, "Корхонаи воҳиди “Мусофирбарӣ” қатори тафтишкардаи Дмитирий Рогозин, муовини нахуствазир ва Геннадий Онишенко, сардухтари санитарии Русияро, ки рӯзи 20-уми апрел ба Душанбе расид, мавриди санҷиш қарор дод. Маълум гардид, нуқсоне, ки аз тарафи мақомоти роҳбарикунандаи Русия дар қатор ошкор шуданд, ҳақиқати воқеӣ надоранд.”
Сардори ин қатор Саид Сатторов ба комиссия гуфтааст, “вақте қатори мо дар истгоҳи Қазон таваққуф карда буд, муовини сарвазири Русия -- Рогозин дохили як вагони поезд гашта, пас аз чанд лаҳза берун шуд. Онишенко бошад, вагон - ресторанро аз назар гузаронду тамом. Вақте онҳо дохили қатор шуданд, ошпазҳои вагон – ресторан ба омода кардани ғизо машғул буданд. Яъне дар ҳолати корӣ тартиботи ресторан ба ҳама маълум аст. Аммо яхдони ресторан кор мекард. Бар замми ин, мусофирон тоза аз қатор берун шуда, роҳбаладон ба тоза кардани вагонҳо машғул буданд.”
Бо ин ҳол, роҳбарияти Корхонаи воҳиди “Мусофирбарӣ” мегӯяд, ҳайати қатори мазкур барои беэътиноӣ ҷазо мегиранд. Амонулло Ҳукумов, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” бо назардошти қазияи ахир дастур додааст, аз ҳисоби кормандони Додситонии нақлиёт, Идораи умури дохилии нақлиёти роҳи оҳан ва хабарнигорон комиссияи махсуси дигар ташкил шуда, қаторҳои хатсайри Душанбе – Маскавро мавриди санҷиш қарор диҳанд. Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки комиссияи мазкур имрӯз тавассути қатор ба самти Маскав раҳсипор хоҳад шуд.
Ахиран Усмон Қаландаров, муовини сардори “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, зимни ҷаласаи мушовараи назди Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти кишвар, аз бурду бохти роҳи оҳан гузориш дода, таъкид кард, ки “тафтиши қаторҳои мо аз ҷониби ашхоси воломақоми Русия як навъи рақобати носолими бозори нақлиётӣ мебошад. Дар Қарғизистон 80, Озарбойҷон 50 фоиз алаккай қатораҳои русӣ дар равуоанд ва мақомоти рус мехоҳанд, бозори мо ва Узбакистонро низ танг кунанд.”
Қаландаров таъкид кардааст, дар сурате ки мақомоти рус ба мақсадашон ноил шаванду бозори мусофиркашонии Тоҷикистонро ба даст оранд, камаш 500 корманди “Роҳи оҳани Тоҷикистон” бекор мемонад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |