“Шайтон-поезд”-и Ҳукумов моро ба куҷо мебарад?

Ҳумайрои БАХТИЁР
Пахши барномаи “Специальный кореспондент” таҳти унвони “Шайтон поезд” тавассути шабакаи телевизионии “Русия 1” бори дигар мақомоти тоҷикро ба таҳлука овард. Барномаи “Шайтон поезд”-и русҳо дақиқан хусусияти идомаи сиёсати зидди тоҷикона дошта, дар он ҳамкасбони рус оддитарин одоби хабарнигориро риоя накардаанд.
Бино ба «таҳлил»-и хабарнигори рус ҳоло тоҷикон Маскавро шабушкзада кардаанд. Аз ҳисоби ҳузури муҳоҷирини тоҷик гӯиё мизони ҷиноят дар ин кишвар афзоиш ёфта, ҳар таҷовузи дуввум ва ҳар саввумин задухӯрд аз ҷониби муҳоҷирон сурат мегирад. Гуфта шуд, ки қаторҳои Тоҷикистон-Русия ин як “қуттии бадиҳо” - афзоиши фасод, маводи мухаддир, ҷиноят ва беморӣ барои русҳо будааст.
Коршиносон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятии рус аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки ҳамасола бо ин ҳама бадиҳо муҳоҷирони тоҷик ҳудуди 3 миллиарду 600 миллион доллари онҳоро ба Тоҷикистон мефиристанд. Дар робита гурӯҳе аз ширкатдорони барнома пешниҳод доштанд, ки дар баробари ҷорӣ гардидани низоми раводид бо Тоҷикистон, Русия ҳамчунин шаҳрвандони тоҷикро барои пардохти андози будубош ӯҳдадор намояд. Аслан нигаронии бештари коршиносони рус аз бекорхӯҷаҳои худ буда, онҳо дар тааҷҷуб буданд, ки чаро корҳоеро, ки як шаҳрванди онҳо анҷом намедиҳад, миёни тоҷикон ин қадар талабгор дорад.
Албатта, русҳо ба унвони як миллат ва қабл аз ҳама ҳамчун инсон ҳуқуқи маънавии таҳқири миллати дигарро надоранд. Ин барнома ва таҳлили коршиносон, шеваи гуфтор, бархӯрд ва таҳқири ноҷои онҳо қобили қабул нест. Вале, биёед, ба масъалаи мазкур аз дидгоҳи дигар ворид бишавем. Тибқи мушоҳида аз ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ-чиноӣ коршиносон ва равшанфикрони мо ҳам борҳо изҳори нигаронӣ карданд. Дар таҳлилҳои худ коршиносони мо низ чиноиҳоро бадтар аз ҳар фоҷиа тасвир мекунанд. Ин магар аз рӯи одобу эҳтиром нисбат ба инсон аст?
Акнун инсофан воқеиятро бибинем, ки то куҷо қаторҳои боздоштшудаи ҷониби Тоҷикистон посухгӯи шароити санитариву гигиенӣ ҳастанд? Оё мо далеле оварда метавонем, ки масъулини Роҳи оҳани Тоҷикистон шаҳрвандони моро дар асл дар шароити беҳтар нигоҳ дошта, онҳоро бо ғизои хуб таъмин мекунанд? Чаро масъулини рус бидуни огоҳӣ вазъи қаторҳоро тафтиш карда метавонанду Амонулло Ҳукумов, раиси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ин корро анҷом намедиҳад? Воқеан агар ҷаноби Ҳукуматулло боре ноаён ба кормандонаш иттилоъ надода аз қаторҳои Тоҷикистон, ки масъулияташро ба ӯҳда дорад, дидан мекард, фикр мекунам, вазъ тағйир менамуд ва кор то инҷо намерасид.
Албатта, барномаи мавриди зикр қобили қабул нест, вале аз ҷониби дигар мо бояд эътироф бикунем, ки воқеан баъзе аз ҷавонон бо фарҳанги шаҳрнишинӣ ошноӣ надошта, ҳамзамон забони русиро балад нестанд. Инҷо ҷавонону муҳоҷиронро барои ба вуҷуд овардани чунин бардошти русҳо айбдор карданӣ нестам. Вале, чаро имрӯз русҳо бидуни ҳеч дудилагӣ моро ба зиндагии шароити ваҳшиёна (скотские условия) муттаҳам мекунанд?
Оё мо метавонем бигӯем, ки шароити зиндагӣ дар Тоҷикистон аз нигоҳи меъёр даҳшатовар нест? Вақте ки пойтахти як кишвар дар ин қарни фанновариҳо мушкили барқу обу гармӣ дорад (15 сол аст!), вақте дар пойтахти як кишвар хидматрасонии нақлиёт ба низом намедарояд, мо метавонем садо баланд кунем, ки тамоми гуфтаҳои хабарнигорони рус тӯҳмат ҳаст?
Мусаллам аст, ки ҷавонони мо барои таъмини хонаводаи худ ба Русия мераванд, на барои истироҳат! Фикр мекунам, на муҳоҷирон, балки давлатмардони мо боис шуда, то русҳо миллати тоҷикро таҳқир бикунанд ва масъулияти ин қадар таҳқир шунидани миллат низ бояст бар душӣ эшон бошад. Аслан на забондониву бемаданиятии шаҳрвандон, балки сиёсати кадрии ҳукумат фазоеро ба вуҷуд овард, ки ин миллат ҳамчун муҳоҷир ва мардикор барои дигарон муаррифӣ бишавад. Бояд эътироф кард, ки кам касоне дар Тоҷикистон имкони фароҳам овардани зиндагии нисбатан роҳатро доранд, ки онҳо ҳам ба гурӯҳи тоҷирон, кормандони созмонҳои байналмилалӣ ва кормандони мақомоти давлатӣ ҷудо мешаванд.
Воқеан, надонистани забони русӣ аз ҷониби як роҳбалади қатори Душанбе-Маскав бояд ҷойи нигаронӣ бошад. Вале пӯшида нест, ки ин роҳбаладҳо аз ҷониби кӣ ва дар асоси кадом шартҳо ба вазифа таъин мешаванд. Аз ин хотир нигаронӣ набояд барои таҳияи барнома, балки барои аз ӯҳдаи вазифа набаромадани масъулин бошад. Ҷавонону наврасони мо на аз бархӯрди миллатгароёни рус, балки аз сабаби дар сатҳи зарурӣ набудани бахши маориф ба ин ҳол гирифтор шудаанд.
Аз ҷониби дигар дар тааҷҷубам, ки чаро силсилабарномаҳои зиддитоҷикӣ ин навбат мақомоти Тоҷикистонро такон дод. Бароям хеле муҳим аст, то бидонам он ҳама изҳоротро масъулини мақомот бо чӣ руҳия таҳия кардаанд? Оё барои масъулин шармовар нест, ки ранги сиёҳро дида, талаб мекунанд, дигарон сафед бигӯянд? Оё виҷдонашон азоб намедиҳад, вақте муҳайё набудани оддитарин шароитро дида, худро ба нодонӣ мезананд?
Русҳо ҳам ҳайрон шудаанд, ки мақомоти тоҷик низ садо доштаанду онро яке “рӯшан” намуданд. Магар ин нахустин санги тӯҳмату таҳқири русҳо бар ҷониби миллати тоҷик буд? Магар қабл аз ин муҳоҷирони моро “рейд” намекарданд? Магар миллатгароёнашон ҳамасола шаҳрвандони моро ба қатл намерасонанд?
Мақоле ҳаст, “илоҷи воқеа қабл аз вӯқуъ”. Агар ҳамин масъулини ҳукумат, ки имрӯз вуҷудашон аз ин таҳқир дар «азоб» аст, дар ҳамон ҳодисаи аввали куштор, ҳодисаи аввали латукӯб, ҳодисаи оғози таҳқири шаҳрвандон, ҳодисаи нахусти нақзи ҳуқуқи тоҷикон дар Русия чунин бархӯрд мекарданд, ба гумонам, имрӯз хабарнигорони рус ҷуръати бо ин оҳанг таҳия кардани барномаро надоштанд. Мутаассифона амали масуъулини ҳукумат тақрибан чунин буд: “Набояд мо муносибатро бо шарики стратегиамон сард кунем”.
То замоне ки таҳқирро то ба сатҳи президент набароварданд, мақомоти мо таҷрибаи пахши фаврии изҳоротро надоштанд. Албатта, барномаҳои зидди тоҷиконаи русҳо ба хотири ба даст овардани ҳадафҳои сиёсиашон ҳаст. Пас, мухотаби аслӣ барои шунидани ин таҳқир на мардуми оддӣ, балки масъулини ҳукумат бояд бошанд. Чун шаҳрвандонро то ба ин ҳад ҳамин масъулин расондаанд.
Гузашта аз ин ҳама, суоле зеҳнамро ба дард меорад, ки мо тоҷикистониён дар асри 21 бо “шайтон-поезд”-и Ҳукумову Ҳукумовҳо то ба куҷо хоҳем рафт?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |