Эмомалӣ Раҳмон гуфт, барои беҳбуди зиндагии мардум 30 миллиард равона мешавад

Ироаи паёми президенти Тоҷикистон ба парлумони кишвар дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе дар ҳузури 1250 мансабдор оғоз ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни ироаи пайём таъкид кард, ки талоши ниҳодҳои давлатӣ бояд барои фароҳам кардани ҳайёти арзанда барои ҳар шаҳрванд густариш ёбад. Раисиҷумҳур афзуд, ки дар кишвар стратегияи махсус барои беҳбуди зиндагии мардум қабул шудааст, ки дар доираи он то соли 2015 барои барои беҳтар намудани зиндагии мардум 30 миллиард сомонӣ равона хоҳанд шуд, ки 40 дарсади он буҷаи давлатӣ ҷудо мегардад.
Раҳмон ичнунин таъкид намуд, ки истеҳсолоти саноатию кишоварзӣ дар кишвар густариш ёбад ва талаботи дохилӣ қонеъ шуда, маҳсулоти тоҷикӣ ба хориҷ содир мешаванд: "Аҳолии Тоҷикистон сол то сол афзоиш ёфтааст. Мо хоҳем нахоҳем маҷбурем ҳар ваҷаби заминро самаранок истифода намоем. Ояндаи наздик заминро то 3-4 маротиба кишт ва ҳосил бояд гирем."
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, барои шунидани пайёми президент дар толори бузурги Кохи Ваҳдат роҳбарияти парлумон, аъзои парлумон, сарвазир ва аъзои ҳукумат, мушовирони давлатии президент, масъулони Дастгоҳи иҷроия, роҳбарони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди президент, мақомоти марказии судӣ ва дигар идораҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарони корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, ширкатҳои фаъолу соҳибнуфузи хусусӣ, намояндагони ҳайати дипломатӣ, воситаҳои ахбори умум ва дигарон, дар маҷмӯъ зиёда аз 1250 нафар ҷамъ омаданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |