Барои чӣ Лавров ба Душанбе ҷавоби кӯтоҳ дод?
Посухи вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, ба ҳамтои тоҷики худ бӯи таҳқир дошт.
Ман ба ин боварам, ки эътироз (нота)-и Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз болои Жириновский ба Кремл иштибоҳӣ буд. Зеро Жириновский расман мухолифи ҳукумати Русия аст ва суханонаш нисбат ба тоҷикон дар шабакаи мустақил (дурусттараш давлатӣ)-и телевизони Русия пахш шуданд.
Ҳама хуб медонанд, ки Жириновский кисту чӣ нақша дорад. Аммо дар ин бора ҳарф задани ду шарики стратегӣ чандон қобили қабул нест. Пас, барои чӣ ҷавобе ба монанди онҳо надодем? Мо, барои мисол, метавонистем ба ду роҳбари аҳзоби сиёсӣ, мисли ҷанобон Қароқулов (Ҳизби аграрӣ) ва Бобоев (Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ) дар шабакаҳои “Сафина” ва “Шабакаи аввал” вақти эфир ҷудо кунем! Матнро бофтан мумкин буд.
Барои мисол, барои чӣ Путин ҳамаро ба Рамазон Қодиров мебахшаду нисбат ба ӯ гузаштҳои зиёд мекунад? Барои он ки агар режими Қодиров шикаст хӯрад, муҷоҳидин бар зидди Путин мешӯранду ба Кремл медароянд. Баъд онҳо нисбат ба Путин кореро мекунанд, ки ӯ ду сол пештар мехост бо ҳукумати Саакашвили (Гурҷистон) бикунад.
Чӣ? Сенарияи бад нест-ку!? Ҷавоби муносиб ҳам дода мешуд аз тарафи аҳзоби мухолиф ва сиёсатмадорони тоҷик. Сарусадоҳо ҳам мешуданд ва дар ҷавобгӯӣ ҳам мо танқисӣ намекашидем.cАммо дар бобати Рогозин бошад, масъала ранги дигар мегирад. Барои нафари дувуми ҳукумати иҷроия зебанда нест, ки раваду қаторҳоро хабар бигирад.
Онишенко, бомбаи ядроии санитарии Кремл, чанд сол аст, ки қаторҳои Тоҷикистонро зиёрат намекард, якбора сахт пазмон шуду онҷо рафт ва дар бораи сафараш суханони “арзанда” ҳам гуфт. Инҷо ёдовар мешавем, ки аз идораи Амонулло Ҳукумов хабар медиҳанд, касе аз намояндаҳои онҳо он ҷо набуд. Мо беҳтар аз Онишенко вазъи қаторҳоро медонем, итминон доранд дар инҷо.
Албатта, ба майдон баромадан ва шӯридани ду мақомдорони баланпояи рус нисбат ба қаторҳои Тоҷикистон ин як ҳушдор ба мо буд. Мо ҳам бояд ба ҳардуи онҳо ҷавоб мегуфтем.
Дар ҷавоби Вазорати умури хориҷии Русия ҳеҷ чизе бофтан лозим набуд. Тоҷикистон низ дар навбати худ бояд дар ин маврид аз доираи нота баромада, ба эътирозҳои ҷондортар гузарад. Ҳатто агар хеле зиёд бояд фикр ҳам кард! Дар ҳоле ки Лавров дар ҷавоби худ ҳарфи зиёде нагуфт.
Барои мисол, барои чӣ Фемида (Фемида, худои ҳақталошӣ дар Мисри қадим) аз шаҳрвандони Тоҷикистон равандҳоро пинҳон медорад? Аммо онҳоеро маҳкум мекунад, ки боре ҳам бо ягон сирри давлатӣ ҳеҷ ягон робитае надоштанд.
Ва таъкид мекунем, ки имсол лимити барқ моро таҳдид намекунад. Дар ҳоле ки мо ягон нерӯгоҳ ё чизи наверо насохтаем. Ин намуд даъвоҳо, чаро? Чаро маҳз ҳозир лимитро мехоҳанд барҳам диҳанд. Мо пеш низ барқ доштаем? Пас, онро пеш куҷо пинҳон медоштанд? Ба ҳар ҳол, дар арафаи интихоботи президентӣ...
Барои чӣ кормандони соҳаи барқ сабаби инро ба мардум намегӯянд? Ҳамин тавр нотаҳои моро инкор мекунанд. Мисли он ки ҷомеаи мо ҳам нисбат ба ҳукумат ягон эътирози вазнинтаре ҳам надорад. Ҳатто дар ҳоли ҳозир, ним сол пеш аз интихобот.
Пас, табиист, ки Вазорати умури хориҷии Русия нисбат ба мо аз ду калима бешро раво намебинад. Барои мо ҳамон ду калима кофиянд.
Ҳукумати Русия нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон тавре рафтор мекунад, ки ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба шаҳрвандонаш мекунад. Стандартҳои дугона ҳамеша ба нуқтаҳои нозук зарба мезананд. Ва Тоҷикистон имрӯз хеле заиф ва нозук аст.
Дар ҷавоби чандҳазор саҳифагии мо ҳам, аз ду калима бештарро арзанда намедонанд. Мисли услуби нависанда Остап Бендер: “Ба хӯрокхӯрӣ намеоям, интизор мабош”.
Марат МАМАДШОЕВ,
журналист
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |