Бахшҳо

Табодули мол миёни Тоҷикистону Шинҷон ба 1 миллиарду 100 миллион доллар баробар шуд

Аз 13 то 15 -уми июли соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи "Молҳои содиротии ноҳияи мухтори Шинҷон (Синзяну Уйғур) -и Чин" баргузор хоҳад шуд.


Асаналӣ Карамалиев, муовини сардори палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон зимни муаррифии пешакии ин намоишгоҳ гуфт,  мақсад аз баргузории он- роҳандозии робитаҳои корӣ миёни сохибкорони тоҷику чинӣ ва ҷалби сармояи Хитой ба Тоҷикистон аст.
Дар назар аст, дар ин намоишгоҳ маҳсулоти зиёда аз 50 ширкати чинӣ ба маърази тамошо гузошта шавад. Муталлиб Саидӣ, муовини сардори департаменти савдои наздисарҳадии ноҳияи худмухтори Шинҷон бар ин назар аст, ки дар натиҷаи чунин намоишҳо  робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону ноҳияи Шинҷон густариш ёфтанд. Ӯ далел меорад, ки соли гузашта хаҷми додугирифт миёни Точикистону Шинҷон ба 1 миллиарду 100 миллион доллар баробар шудааст, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли 2009 -ум 24 фоиз зиёд аст. Дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ бошад, гардиши мол миён Тоҷикистону минтақаи Шинҷон 310 миллион долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 47 фоиз бештар аст.
Дар намоишгоҳи имсола, асосан молҳои саноати сабук, техникаи хоҷагии қишлоқ, электроника, техникаю масолеҳи сохтмонӣ ба фурўш гузошта хоҳанд шуд. Чунин намоишгоҳ аз ҷониби палатаи савдо ва саноат ва ниҳодҳои дахлдори чинӣ аз соли 2004-ум дар Тоҷикистон баргузор шуда истодаанд. Муталлиб Саидӣ иброз намуд, ки феълан онҳо ба Тоҷикистон танҳо муносибатҳои тиҷоратӣ доранд, аммо сохтмони корхонаҳо низ дар ояндаи наздик дар назар аст. {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)