Шикояти Қаюмзод ба додгоҳ ва вокуниши Радиои Озодӣ

Абдулқаюми Қаюмзод, хабарнигори шинохтаи тоҷик, рӯзи 29-уми апрел зимни як нишасти хабарӣ эълон кард, ки аз болои Радиои Озодӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикоят бурдааст.
Вай гуфт, талош дошт, ҷои кораш дар Радиои Озодиро ҳифз кунаду ба фаъолияташ идома бахшад, аммо мудирияти радио ӯро таҳти фишор қарор дода, бо роҳи ба гуфтаи ӯ "шантаж" шартномаи ҳамкориро ба таври якҷониба қатъ кардаанд. Ин хабарнигори шинохтаи тоҷик афзуд, бо Радиои Озодӣ мушкил надошту надорад ва ин кореро, ки бо ӯ рух дод, аз Соҷидаи Мирзо, раҳбари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, ва Аббоси Ҷаводӣ мебинад.
Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Абдулқаюми Қаюмзод, мегӯяд, қатъи яктарафаи шартнома аз ҷониби Радиои Озодӣ мухолифи Кодекси меҳнати Тоҷикистон аст ва талош хоҳанд кард, ки дар додгоҳ аз ҳаққи Қаюмзод ҳимоя кунанд.
Қаблан Қаюмзод дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, рӯзи 22-юми апрели соли ҷорӣ вакили мудофеи Радиои Озодӣ ва Аббоси Ҷаводӣ, муовини мудири пахши барномаҳои ин радио, ӯро таҳти фишор қарор додаанд, ки ё пули шашмоҳаашро бигираду ба кораш хотима бахшад ва ё қарордодаш ба таври якҷониба қатъ хоҳад шуд. “Ба онҳо гуфтам, ки мехоҳам дар ин бора бо президенти Радиои Озодӣ сӯҳбат бикунам ё бо вакили мудофеям ин масъаларо баррасӣ намоям. Вале онҳо ба ман фурсат надода, гуфтанд, ки аз идора берун нарафта яке аз ин шартҳоро интихоб намоям”,-баён дошт ӯ.
Абдулқаюми Қаюмзод аз соли 2001 то моҳи декбари соли гузашта ба Радиои Озодӣ гузориш медод. Аммо дар моҳи декабри соли гузашта Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ӯро огоҳ кард, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад.
Раҳбарияти "Озодӣ": Қатъи қарордод бо Қаюмзод қонунист
Ин дар ҳолест, ки Хуршед Андамов, раҳбари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе, қазияи қатъи қарордоди ҳамкорӣ бо Қаюмзодро шарҳ додаву гуфт, “ҳам роҳбарияти "Озодӣ" дар Душанбе ва ҳам дар Прага аз қатъи ҳамкорӣ бо Абдуқаюми Қаюмзод хеле мутаассиф аст. Сабаби аслии қатъи қарордод акредитатсия нашудани Қаюмзод дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аст. Бо вуҷуди баҳсу баррасиҳои роҳбарияти Радиои Озодӣ ба Вазорати умури хориҷӣ ин ниҳод ба Қаюмзод акредитатсия надод ва дигар мо маҷбур шудем, қарордодро қатъ кунем, чун тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон хабарнигор бе сабти Вазорати умури хориҷӣ ҳақ надорад, дар “Озодӣ” кор кунад.”
Андамов таъкид кард, қатъи қарордод бо Қаюмзод дар доираи қонунгузории Тоҷикистон сурат гирифтааст: “Дар Кодекси меҳнат ҳолатҳое пешбинӣ шудаанд, ки қатъи қарордоди меҳнатӣ бидуни хоҳиши тарафҳо сурат мегирад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |