“Мақомоти тоҷик барои моҷаро дар марз аз қирғизҳо узр хостааст”

Моҷаро ё худ низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки барои сохтмони роҳ ба чарогоҳ сар зад, ҳал гардид.
Дар ин бора ба бахши русии хабаргузории “Озодагон” Талайбек Сусунбоев, масъули Хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон хабар дод.
Сусунбоев, афзуд, ки 27-уми апрел тақрибан соати 15:00 ҳудуди 500-600 сокини деҳаи Ворухи Тоҷикистон бо нишони эътироз аз сохтмони роҳ ба чарогоҳ ба ҷониби қирғизҳо санг партофтаанд: “Аз тарафи қирғизҳо ҳудуди 70 нафар сокини деҳаи Ақ Сой ҷамъ гардида будаанд. Барои пароканда кардани ҷамъомадагон марзбонони тоҷик ба ҳаво чанд тир холӣ кардаанд, ки дар натиҷа вазъ шиддат ёфта, аз ҳар ду ҷониб дар назди марз то 4-5 ҳазор сокин ҷамъ гардидаанд.”
Сусунбоев мегӯяд, бо дастури вазири умури дохилии Қирғизистон, ба ҷои маҷаро муовини вазир, генерал Курсан Асанбоев ҳозир шуда, бо норизоён дар марз ва мақомоти тоҷик гуфтушунид кардааст: “Муовини раиси вилояти Суғд, зимни мулоқот барои амали ғайриқонунии сокинони “Ворух” узр хоста, ваъда додааст, ки ҷуброни зарари моддӣ барқарор хоҳад шуд.”
Ин масъули вазорати умури дохилии Қирғизистон ба “Озодагон” гуфт, айни ҳол аз рӯи моҷаро дар марз 8 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд: “Корҳо барои дастгир намудани дастандаркорони моҷаро идома дошта, омилони ин нофаҳмӣ муҷозот хоҳанд шуд.”
Қарор шудааст, ки сохтмони роҳ ба чарогоҳ то аломатгузорӣ шудани марз ба таъхир андохта шавад. Дар паи ин моҷаро 20 нафар барои кӯмаки тиббӣ муроҷиат карда, ҳаҷми зарари моддии он ҳудуди 150 ҳазор сом арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |