Беш аз 10 ҳазор нафар афсару сарбози қувваҳои мусаллаҳ барои гузашти ҳарбӣ омодагӣ мебинанд.
Тавре Фаридун Маҳмадалиев сухангӯи вазорати мудофиа ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар баробари дигар афроди ҷомеа ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳ низ барои таҷлили 20-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ омодагии ҳамаҷониба мебинанд.Дар паради ҳарбӣ бахшида ба рӯзи истиқлол тақрибан 10 ҳазор нафар афсару сарбози қувваҳои мусаллаҳ иштирок мекунанд, ки қариб 80 дар сади онҳоро хизматчиёни ҳарбии вазорати мудофиа ташкил медиҳанд. Номбурда афзуд, ки дигар мақомотҳои қудратии кишвар, аз ҷумла Қушунҳои сарҳадии кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи милии ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ, Қушунҳои дохилӣ, Вазорати корҳои дохила, Полки 65-93-и раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлия низ дар ин парад иштирок хоҳанд кард.{jathumbnail off}
Мӯҳр