Бахшҳо

Эҳтиёт, облава!

“Субҳи душанбеи 28-уми апрел писарам Ҷорӣ, ки аз айёми тифлӣ “Жорж” меномандаш ба ман занг задаву гуфт:

-Субҳатон ба хайр бошад, очаҷон. Маро облава қапида ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебаранд. Ба онҳо мефаҳмонам, ки ду фарзанд дорам, аммо бовар намекунанд.

Аз писарам хоҳиш кардам, ки гӯшии телефони мобилиро ба ягон нафари “облавачиён” бидиҳад. Ӯ хоҳишамро ба ҷо овард. Баъд аз саломуалейк худро муаррифӣ кардам. Ба номи Худо, ки сабур ва хеле хушмуомила будам. Фаҳмондам, ки писарам ду фарзанд дораду беҳуда саргардон накунанд, зеро ба коргоҳаш дер мемонад. Чизеро шунидану донистан намехост. Нафари дигар аз дасти ӯ гӯширо гирифта, худро нозири минтақавӣ (участковый) муаррифӣ намуд. Ин “облавачӣ” чунон боғазаб, сиёсат карда гап мезад, ки ҳуш аз сарам парид. Аз рӯи гуфтаи худаш, рутбааш полковник, лекин ному насабашро нагирифт. Бори дигар ба инаш ҳам вазъи ба миёномадаро фаҳмондам, вале манзур накард.

Маҷбур шудам ба Душанбе раҳсипор шавам. Аз ноҳияи Хуросон то пойтахт бо суръати баланд ҳаракат доштам. Вақте ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ, воқеъ дар маҳаллаи Яккачинор, расидам, зани газгӯште аз тирезачаи танг, сарашро ногардонда ба суолам густохона ҷавоб дод:

-Апа, ман чизеро намедонам, сардорамон бегоҳ, баъд аз соати 7 қабул мекунанд. Равед аз ин ҷо, беҳуда вақтатонро зоеъ накунед! Бе шумо ҳам ҳазор "проблема" дорам!

Аз поймол шудани ҳуқуқҳои Конститутсионии худ ва писарам ҳарф задам. Ӯ ниҳоят сарашро гардонда гуфт: “Бовар намекунам, охир соли таваллуди писаратон 1992. Кай ӯро зан додеду кай соҳиби ду фарзанд шуд?!”

Шиносномаи писарам, саҳфаи ақди никоҳ, ҳуҷҷатҳои набераҳоям Ангубин ва Ясминаро нишон додам. Зан чашмонашро калон кушода, илова намуд: “Хайр чӣ? Рафта аз "домуправление справка" биёред, ки дар ҳақиқат писаратон падари ду фарзанд аст.”

Ростӣ, ҳайрон шудам, наход қайдҳои дар шиноснома шудаву шаҳодатномаҳои фарзандон ва мӯҳри ақди никоҳи давлатӣ ҳуҷҷат набошанд? Хулласи кор, мисли гулӯлаи бомби дертарканда, кафидам: “Ҳой зани беақлу бесавод, Шумо беҳтараш маро бодиққат бишунавед ва зуд рафта ба комиссар ё муовинаш хабар диҳед, ки рӯзноманигоре бо номи Гули Зард паси равзанаи тангу торики даргоҳатон чанд соат боз саргардон аст. Агар ҳоло ҳозир чораи корамро насозанд, барои ҳар як дақиқаи ҷабри додаашон назди Қонун ҷавоб медиҳанд. Аввал ин ки писари ман ҷиноят содир накардааст, то ӯро нобаҳангом иҳота карда, дореду дар дастонаш “наручник” зада, зӯран ба маҳкама андозед! Дувум ин ки ман бозичаи сари дасти Шумо нестам, ки бо ҳар баҳона сарамро гаранг карда, вақти қиматамро зоеъ намоед.”

Зан давоми гапамро нашунида, аз утоқи корияш баромада рафт. Дақиқае пас ду марди дигар омад. Он ду мард маро шинохта, хомӯш меистоданд. Инҳо ҳам лаҳзае пас ғайб заданд. Ба атроф нигаристам, аз қафоям 14 нафари дигар мунтазир буданд, ки кай навбаташон мерасад. Шарм дошта, навбатро ба дигар кас додам. Ӯ интизори зани фарбеҳи лабонаш равғанолӯд меистод. Гӯшу ҳуш шудам, мехостам бидонам, ки ин мард чӣ мегӯяд? Ниҳоят садои ҷиғғоси дари утоқи корӣ аз пайдо шудани корманди комиссариат хабар дод. Марди лоғари ришаш давидаву афгор гуфт: “Хоҳарҷон, шиносномаву билети донишҷӯии псарамро ба ман баргардонед, то ин ки рафта, аз донишгоҳ справка бигирам. Охир ӯ дар дар институти тарбияи ҷисмонӣ мехонад, Шумо бошед, чор рӯз пеш ӯро дошта, пинҳонӣ ба қисми ҳарбии дар Шӯробод буда фиристодаед. Зани ман касал аст, дилзанак шудааст. Ман аз ноҳияи Ховалинг ҳама корамро партофта, се рӯз боз инҷо саргардонам. Шумо раҳму шафқат гуфтанӣ гапро медонед ё не?”

Он мардро ҷеғ зада, гуфтам: ному насабатонро ба ман бигӯед. Кӣ ҳастед ва чӣ сон писари донишҷӯятонро бехабар аз Шумо ба аскарӣ фиристодаанд? Ӯ гирён шуда, посух дод: “Ман Раҷабов Ҷумъахон, истиқоматкунандаи ноҳияи Ховалинг. Писари донишҷӯям Раҷабов Баҳриддинро чор рӯз пеш облава қапида зӯран ба аскарӣ фиристодаанд. Кормандони ҳамин комиссариат ӯро доштаанд. Очаи бечорааш аз тарс гӯрдакаф шудааст, охир бачаи мо бемор асту мо бо азобе рӯз гузаронем ҳам, камбизоативу гуруснагиро ба гардан гирифта, писарамонро маълумоти олӣ доданием. Ӯ дар шӯъбаи рӯзона таҳсил мекард. Рақами телефони мобилияшро гирифтам: 951.62.72.29. Мехостам аз тақдири минбаъдаи он ҷавон огаҳ шавам. Дастгоҳи суратгириямро аз “сумка” баровардаму ҳама волидайни саргардону мушаввашгаштаи парешонхотирро сурат гирифтам. Кормандони комиссариат аз чунин ранг гирифтани кор, чандон шод набуданд.

Лаҳзае пас зане шитобон наздам омада, гуфт: “Апаи Гули Зард, Шумо ором шавед, ҳозир аз “домуправление” ҳуҷҷат дар бораи воқеан соҳиби фарзанд будани писаратонро меоранд. Мо ӯро ҷавоб медиҳем, аз пайи коратон равед.”

Бо тааҷҷуб ба ӯ нигариста гуфтам: магар намебинед, ки ман кор мекунам? Халал нарасонед, Шумо худатон ба ман луқмаи ҳалол партофтед.
Тахмин панҷ дақиқа гузашта буд, ки зани дигар маро ном гирифта, қасам хӯрд: “Ба номи Аллоҳ ҳозир писаратонро ҷавоб медиҳанд. Ман раиси нави “дом управление”-и маҳаллаи Шумо ҳастам. Бо дасти худ “справка”-ро оварда, ба комиссар супоридам. Ана, дидед, писаратонро ҷавоб доданд!”

Ба қафо нигаристам, дар воқеъ бачаам табассумкунон ҷониби мо меомад. баъд аз ҳолпурсӣ ӯ хандида гуфт: “Ман ба онҳо гуфтам, ки рафторашон ғайриқонунист ва агар очаам хабар ёбад, тӯй меандозад! Бовар накарданд. Акнун ҳама аз ман хоҳиш доранд, ки Шуморо ором кунам.”

Баъди ба мошин нишастан, бачаи бечораам, ки тахмин 98 кило вазн дораду ба назарам 700 тонна раҳм вуҷудашро ҳоким аст, сим зада, ба одамони ношинос хабар медод: “Апа, Комронро мешиносед? Агар ҳа, пас, бидонед, ки ӯро ҳамин пагоҳӣ “облава” қапидааст. Ба маҳаллаи Яккачинор, комиссарияти ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ, биёед. Агар каме дер кунед, ӯро аз ягон қисми ҳарбӣ хоҳед ёфт. Ҳамин тариқ ба чанд тан занг зад. Бо баҳонае ҳамон пораи қоғази дар даст доштаашро гирифтам ва бодиққат омӯхтам: дар пораи қоғаз ин номҳо ва рақамҳои телефон бошитоб навишта шуда буданд: Шӯҳрат - 900 99 95 49, бобои Санг – 93 562 38 38 (Файзулло), Комрон – 93 485 35 35 (акаам Зафар), Фирдавс - 98 572 40 43, боз як Фирдавси дигар - 918 46 75 85

Дилам дар қафаси сина бо дард ларзид. Худро бад ҳис кардам, на аз боиси он ки он рақамҳову номҳоро дидам, на! Аз ҷиҳатии маъсулини комиссариатҳои ҳарбӣ. Онҳое, ки мисли хирс зимистони дароз дар хобанд, баъд аз расидани баҳорон бедор шуда, гуруснаи зор ба шикор мебароянд. Тамаъкориву найрангбозиҳояшон беҳисоб, гоҳо ақли инсони комил барои қабулашон ғайрат надорад.

Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз пеш мавриди масоили мазкур, яъне ба сафи Артиши миллӣ даъват намудани ҷавонон дар паёми худ дақиқ аз нигарон буданашон изҳори назар карданд. Наход аз як гӯш даромада, аз гӯши дигари масъулини соҳа мисли бод баромада рафта бошад?! Дар ин маврид пешниҳоде дорам: ба ҷои ОБЛАВА карданҳову "чекистбозӣ"-ҳои хандаовару нангин, беҳтараш намояндагии комиссариатҳои ҳарбӣ алоқаи зичро бо мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҷиддан ба роҳ монанд. Ҳанӯз аз синфи 4 ё 5 дар вуҷуди бачаҳо нангу номуси Ватандорӣ, ҳимояи зодгоҳ, Ватан-Модарро тарбият бикунанд. Экскурсияи хонандагони синфҳои болоиро ба қисмҳои ҳарбӣ ва дар вуҷуди онон куштани тарсу ҳарос, тавлиди меҳру кашишро ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ бедор кунанд.

Бовар кунед, ин кампирафсона нест! Агар масъулини соҳа каме андеша кунанду фаъол шаванд, мо модарони Тоҷик омодаем, ки на танҳо ҷигарбандон, балки худамон дар қаторашон хизмат карда, нони даҳонамонро ҳалол карда бихӯрем.”

Гули ЗАРД,
журналист
Мӯҳр
Апаи Гули Зард, писарат агар вокеан Ватанашро дуст медошт, хатман мерафт хизмати Модар Ватан, маълум, ки шумо ба ин хоку марзу бум, ки Точикистон ном дорад, туф кардаед...

сайфуллох
инхел давлату хукуматба хизмат кардан бафикрам хатою гунох аст.хамачо порахури фиребтии .

Алй
Кандаша зана Гули Зард кормандони вайкамад то надонистан ки ин зан журналист аст барои нарехтани обу руйяшон писараша озод кардан албата ки хак надоштанд ки падара ду фарзандро ба хизмат бигиранд. Бубинед падару модарони дигар журналист нестанд ки кормандони вай...тарсанду писаронашонро озод кунанд вой бар холи ин мардум

Сангак
Барои чи писарони ягон кормандони хукумати ба хизмати харби даъват намешаванду ,факат писарони мардуми одди.
Баъд аз он,ки бачахоро пеш ба хизмати харби даъват кардан ,шароити хизмати харбиро дуруст кунед.
Аскарбачахо доим гушнаю,шароити хуб надоранд.

бояд ба ватан хизмат кард хизмат вазифаи хар яки мо чавонон аст

https://www.youtube.com/watch?v=oGL4D3U6ocE

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)