Аз хазинаи Убайдуллоев барои ветеранҳо 570 ҳазор ҷудо мегардад

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дастур додааст, ки аз хазинаи захиравии раиси шаҳр ба муносибати таҷлили 68-умин солгарди Рӯзи Ғалаба барои собиқадорони ҷанг 570 ҳазору 800 сомонӣ ҷудо гардад.
Тибқи дастури Убайдуллоев ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ба ҳар кадоме ба андозаи 700 (ҳафтсад) сомонӣ ва ба муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, соҳибони ордену медалҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, маъюбони ҷанг дар Афғонистон, маъюбони садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд ва ба ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, ба андозаи 500 сомонӣ кӯмаки якдафъаина ироа гардад.
Ин дар ҳолест, ки Шӯрои ветеранҳои шаҳри Душанбе мегӯяд, вақтҳои охир кӯмак ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) коҳиш ёфтааст. Алиризо Раҳмонқулов, як масъули Шӯрои мазкур дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, аз Иди Ғалабаи соли гузашта то ҳоло дар Душанбе 23 собиқадори ҶБВ ҷаҳонро падруд гуфтаанд ва айни ҳол дар пойтахти кишвар ҳамагӣ 141 собиқадори ҶБВ мондааст.
Дар ҳамин ҳол 9-уми май, дар Тоҷикистон, чун дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ, Рӯзи ғалаба аз болои Германияи фашистӣ ҷашн гирифта мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |