Вазир: Дар ислоҳоти милитсияи тоҷик аз таҷрибаи хориҷиҳо кор мебарем

Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия баргузор гардид.
Тавре ба Озодагон аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Бюрои САҲА дар Тоҷикистон Марко Мюллер, корманд оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бюрои САҲА дар Тоҷикистон Улф Биллвинг ва як қатор роҳбарони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон дар кори ҷаласа қайд кард, ки «Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кӯшишҳоро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон равона намуда, тамоми чораҳоро бар зидди таҳдидҳои муосир меандешад."
Вазир зикр кардааст, ки 19 марти соли 2013 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи ислоҳоти милитсия, ки ВКД дар он кӯшиш намудаст, таҷрибаи мусбии дигар давлатҳоро оид ба ин масъала ворид намояд, тасдиқ карда шуд. Айни замон, корҳо оид ба коркарди Барномаи рушди милитсия, ки дар он чорабиниҳои мушаххас оид ба амалисозии Стратегия ворид карда хоҳанд шуд, идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |