Рейтинги нави ФИФА: Тоҷикистон мақомашро тағйир надод
Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави Федератсияи байналмилалии футбол(ФИФА) дар мақоми пешинаи худ боқӣ монд.
Тавре торнамои расмии ФИФА навиштааст, дастаи миллии футболи Тоҷикистон бо 312 имтиёз ҷойгоҳи худро дар мақоми 112-ум нигоҳ доштааст. Тоҷикистон дар феҳристи Конфедератсияи футболи Осиё дар зинаи 13 буда, миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи 10-ум қарор дорад ва аз Озорбойҷон, Туркманистон, Молдовия, Қирғизистон ва Қазоқистон дар пеш аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
| « Октябр 2026 » |
|---|
| Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
|---|
| | 1 | 2 | 3 | 4 |
| 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
| 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
| 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
| 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |