Теъдоди телефонҳо аз шумораи сокинон бештар мешавад
Ба гузориши Иттиҳодияи байналмилалии мухобирот, то авохири соли оянда теъдоди телефонҳои мобилӣ дар дунё аз шумораи одамон зиёд хоҳад шуд.
Иттиҳодияи байналмилалии мухобирот, идораи вобаста ба СММ бо интишори як гузориш хабар додааст, ки то охирҳои соли 2014 теъдоди телефонҳои мобилӣ дар дунё зиёда аз 7 миллиард хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин ниҳод айни ҳол шумораи аҳолии рӯйи замин 7,1 миллиард нафарро ташкил медиҳад ва теъдоди рақамҳои телефони дастӣ ба 6,8 миллиард расидаст.
Ин иттиҳодия гуфтааст, беш аз сеяки аҳолии рӯйи замин дастрасӣ ба телефонии мобилӣ дошта, ба сари ҳар як сокини кишварҳои пасошӯравӣ 1,7 симкорт рост меояд, ки ин нишондод нисбат ба дигар минтақаҳо зиёд мебошад.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ба гуфтаи Хадамоти алоқа теъдоди симкортҳо аз ҳадди шумораи аҳолӣ гузашта, ба беш аз 8 миллион расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |