Бахшҳо
28 янв 2014 12:28Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Сафорат: “Моҷарои Занҷонӣ ба муносибати Теҳрону Душанбе таъсир надорад” (ВИДЕО)

Масъули сафорати Эрон дар Тоҷикистон рӯзи 28 январ бо баргузории нишасти хабарӣ гуфт, моҷарои Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, ба равобити Душанбеву Теҳрон таъсире надорад.

Занҷонӣ, ки дар авохири моҳи декабри соли гузашта дар Эрон боздошт шуд ва ҳоло дар зиндони Эвин қарор дорад, барои аз худ кардани 2 миллиарду 60 миллион евро пули нафти Эрон муттаҳам мешавад. Ҳарчанд ӯ гуфтааст, ин миқдор пулро тавассути Бонки Миллии Тоҷикистон ба Эрон ирсол карда, вале масъулони Бонки Миллӣ онро рад кардаву вакилони Маҷлиси Эрон ҳам санади Занҷониро дар ин бора тақаллубӣ донистаанд. Ҳоло Asian Express ва Контбонк дар Тоҷикистон ширкатҳои марбут ба Бобак Занҷонӣ дониста мешаванд.



Сафорат: “Моҷарои Занҷонӣ ба муносибати Теҳрону Душанбе таъсир надорад” (ВИДЕО)Сайидмаҳмуди Садрӣ, сарпарасти сафорати Эрон дар Душанбе, ки дар нишасти хабарии 28 январ сӯҳбат мекард, гуфт, “дар робита ба оқои Занҷонӣ масоиле матраҳ аст. Хеле аз шоеаҳо дар расонаҳо матраҳ мешаванд. Занҷонӣ ҳоло дар Эрон даргири масоили қазоӣ аст ва додгоҳҳои мо расидагӣ мекунанд. Он чизе, ки ҳоло матраҳ мешавад, атрофи Занҷонӣ, ин ҳадсу гумон аст. Ман наметавонам он ҳама масоилро таъйид ва ё рад кунам.” Сарпарасти сафорати Эрон дар Душанбе афзуд, “Занҷонӣ ҳеч нуктае манфӣ бар муносибати Эрон бо Тоҷикистон надорад. Эшон ба унвони як тоҷир фаъолият дошта, мисли онҳоест, ки дар Тоҷикистону Эрон фаъолият мекунанд.”

БАЪД АЗ ШЕЪРДӮСТ КӢ МЕОЯД?

Сайидмаҳмуди Садрӣ дар идома ба ин суол ки чаро сафорати Эрон баъд аз барканории Алиасғари Шеърдӯст то кунун сафир надорад, низ посух гуфт. Вай афзуд, “масъалаи сафир набудан матраҳ аст. Мо бо тағйири ҳукумат дар Эрон 40 сафирро барои кишварҳои дигар интихоб дорем. Ва масъалаи фиристодани сафир дар Тоҷикистон ҳам матраҳ аст. Мо бояд шахсеро интихоб бикунем ва инҷо фиристем, ки мувофиқ бошад. Ҳатман сафири ҷадид рӯйи кор хоҳад омад.”

Оқои Садрӣ илова кард, Алиасғари Шеърдӯст дар ҳоли ҳозир дар Эрон машғули кор буда, онҳо бо ӯ тамос доранд. Ӯ афзуд, “қазияи оқои Занҷонӣ ба Алиасғари Шеърдӯст ҳеч рабте надорад.”

ДАР БОРАИ НАҚБИ "ИСТИҚЛОЛ"

Сайидмаҳмуди Садрӣ дар ин нишасти хабарии худ ба масъалаи нақби “Истиқлол”, ки дар Тоҷикистон аз он бештар ба унвони “ғор” ёд мекунанд, дахл кард. Агарчӣ ин нақб чанд соли қабл сохтаву бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури собиқи Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мавриди истифода қарор гирифтааст, вале то ҳол комил нашудаву равуо тариқи он мушкил аст.

Дар ҳоле ки қаблан вакилони парлумони Тоҷикистон низ гуфта буданд, ки роҳбарияти ширкати “Собир”, масъули сохтмони “Истиқлол”, бояд ба Маҷлиси Намояндагон омадаву гузориш бидиҳанд, сарпарасти сафорати Эрон гуфт, чунин дархостеро нагирифтаанд. Дар мавриди шикояти вазири пешини нақлиёти Тоҷикистон дар парлумон, ки эрониҳо сохтмони нақби “Истиқлол”-ро ба кундӣ пеш мебаранд, оқои Садрӣ гуфт, “ин аз он вобаста аст, ки чӣ гуна бояд кор кунанд.” “Барои анҷоми кори пурра масъулини ширкати “Собир” маҷбур мешаванд, роҳро бубанданд”,-гуфт ӯ.

"САНГТӮДА-2 ФАЪОЛ АСТ"

Ин масъули сафорати Эрон дар бораи нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” низ сӯҳбат карда ва гуфт, ҳоло танҳо чархаи аввали ин нерӯгоҳ фаъол буда, 120 мегават нерӯи барқ тавлид мекунад. “Чун нерӯи барқи обӣ аст, инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки баъзан як муддат кор намекунад. Дар сурати фаъол кардани ҳарду чархаи нерӯгоҳ агар яке мутаваққиф шуд, дигаре ҳатман фаъол хоҳад буд”,-афзуд Сайидмаҳмуди Садрӣ.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)