Бахшҳо
15 июл 2014 12:29Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Арзонфурӯшии “Манзили дастрас” ба Кумитаи андоз нафоридааст: Суд чӣ мегӯяд?

Кумитаи андози Тоҷикистон аз нархҳои арзони хонаҳои бунёдкардаи ширкати “Манзили дастрас” изҳори норозигӣ намуда, аз онҳо барзиёд андоз ҳисобӣ намудааст.

Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Манзили дастрас”, ки аз ҷониби шаҳрдории Душанбе ба хотири таъмини сокинон бо манзилҳои арзон таъсис ёфтааст, изҳор медорад, ки дар пойтахт як метри мураббаи манзили зистро бо нархи миёнаи 500 доллари амрикоӣ мефурӯшанд, аммо мақомоти андоз аз онҳо бо нархи 700 долларӣ андоз талаб дорад.

Нурулло Наимов, раиси КВД “Манзили дастрас” бо таъйиди ин хабар рӯзи 15 июл ба “Озодагон” гуфт,”як метри квадратии хонаҳои мо аз 300 то 600 доллар, ба ҳисоби миёна 500 долларӣ нарх дорад ва мо тибқи ин нархгузорӣ андоз месупорем. Вале Кумитаи андоз алайҳи КВД “Манзили дастрас” санад тартиб додаасту талаб дорад, ки мо ба ҳисоби 700 доллар сари ҳар метри мураббаъ андоз супорем. Ба қавли масъулини Кумитаи андоз, нархи миёнаи як метри квадратӣ дар шаҳри Душанбе 700 доллар мебошад.”

Наимов таъкид намуд, ки номи корхонаи онҳо “Манзили дастрас” асту нархномаашон низ бояд аз дигар ширкатҳо фарқ кунад: “Масъулини ширкатҳои дигар тоҷиранду болои меҳнати худ фоиз мегузоранду фоида мегиранд. Мо корхонаи давлатием, тоҷир нестем, танҳо ҳаққи хидмат ва маҳсулоти сарфшударо мегирем.”

Бо зикри ин раиси КВД “Манзили дастрас” таъкид намуд, ки алайҳи Кумитаи андоз ба додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурдаанд ва интизоранд, ки додгоҳ дар ин баҳсашон бо Кумита нуқта гузорад.

Корхонаи воҳиди давлатии “Манзили дастрас” аз сӯи шаҳрдории Душанбе барои таъмин кардани сокинони пойтахт бо хонаҳои арзон таъсис ёфтааст. Ҳоло дар хиёбони Синои пойтахт 10 бинои бисёрошёна аз сӯи ин корхона бунёд ёфта истодаанд, ки интизор меравад дар он 900 оила соҳиби хона хоҳанд шуд.
Мӯҳр
Самад
Сабаби асоси ин барои Давлатов -робари кумитаи андоз ки сохиби як чанд корхонахои сохтмонии мебошад, зараровар мебошад.

Беширкат
Ба ширкати “Манзили дастрас” даст нарасонед. Ин ширкат дар баробари ширкатхои хусуси, ракобатпазирии худро нигох дорад. Шояд дар оянда ба паст шудани нархи хонахои истикомати оварда расонад ва манзил дастраси хамагон гардад.

Кумитаи андоз бо ин амр бори дигар хамокати худро ба намоиш гузошт. Каблан кумитаи ракобат ва зидди фаъолиятхои инхисори низ аз ширкатхои иртибототи мобили талаб карда карда буданд, нархро боло бибаранд. Ниходхои давлатии Точикистон танхо дар фикри пур кардани хазина хастанд, имрузро меандешанд ва парвои фардо надоранд.

Ин талаботи Кумитаи андоз ягон тааччубу хайрониро ба миён намеорад, зеро чавоб ба он якто аст-манфиат ва гаразхои шахсии Раиси Кумитаи андоз Давлатов Нусратулло. Писари Раиси мухтарам сохибмулк ва рохбари яке аз ширкатхои калонтарини сохтмони мебошад, ки нархи 1 метри квадратирии манзилро дар ш. Душанбе аз 1200 то 1500 мефурушад. Ба чои он, ки ин гуна икдомхои ичтимоиро Кумитаи андоз дастгири намояд, баръакс бо рохи суистифода аз маснади хеш ширкатхои ракобатпазири сохтмониро аз бозор танг карда бароварда истодаанд.
Пас муаллиму зиёии бечора аз кадом хисоб манзили "элитный" харад???

home in TJK
salom: ba KVD “Манзили дастрас” guftaniyam ki in vazorat yake az on tabaqahoi hromkhuri kishvar ast ki ishtihoi bisyor buzurg dorad. Inho na fikri milat va na fikri iqtisodiu peshrafty zamonro mekunand. Az bolo nahang nishasta meguyad har kore mehohi karda lukmai maro ovardangir. 24 sol meshavad ki inho na da fikri milatandu na davlat faqat MO 1-2-3-4 TABAQ. ozodagon Ozodona chop kun

Еееее
Хонахои сохтаи писари раиси андозро бад ки мехарад, корашон дуруст

Илхоми
Наход беинсофи кунанду ба мардум зулм намоянд. ОООО барои таъмини сокинон ин тадбири хуб аст ва Кумитаи андоз бояд мувофики маблаг андоз гиранд. Лекин мачбур кардан, ки ба мардум нархро бардореду зулм намоед, ин тамоман беинсофи аст. давлат бояд мардумро дастгири намояд-на ин гуна зулм.

Пас чаро Убайдуллоев хомӯш аст? Намешавад, ки ба ҳамашон чӯб занад. Бигзор Кумитаи андоз сараввал андозро аз савдогарон ба пуррагӣ бигирад. Мағозаву бозорҳоро нигаред. Дар ягон ҷо мошини чекдиҳак (кассовий аппарат) нест. Пас онҳо андозро аз рӯи кадом даромад месупоранд? Бозорҳо як тараф истанд, ҳатто мағозаҳои калони гирду атрофи Вокзали роҳи оҳан то Фурӯшгоҳи марказӣ (СУМ) ва аз он болотар низ мошини чекдиҳак надоранд. Чаро? Барои ки дар он сурат кормандони андоз аз онҳо фоида хӯрда наметавонанд. Нақлиёти давлатӣ ва шахсиро (маршруткаҳоро) бинед. Ягонташон билет намедиҳанд. Чаро? Барои ки даромад ҳисоб нагардад, махфӣ монад. Ин ҳама беинтизомӣ аз худи кумитаи андоз ва коргарони он сар мезанад!
Ман ба тарафдории "Манзили дастрас" ҳарф намегӯям, омади гапро гуфта истодаам. Зеро барои сокинони Тоҷикистони қашшоқ ҳамин нархи 300 -500 доллар ҳам зиёд аст. Фарз кардем, манзиле ки 50 м.кв. аст, ҳато бо ҳамин нархи "дастрас" - 15000 то 25000 доллари амрикоӣ хоҳад буд. Агар инро ба сомонӣ гардонем: аз 75000 то 125000 ҳазор сомонӣ мешавад. Агар манзили дастрасаш ин қадар гарон бошад, пас дастнорасаш чӣ қадар хоҳад буд? Оё бо маоше ки мо имрӯз мегирем, ин маблағи ҳангуфтро захира карда мешавад? Ҳолоки сухан ҳамагӣ дар бораи 50 м.кв. меравад. Ин як квартираи хурдакак хоҳад буд. Агар квартираи 70 ё 100 м. кв. бошад чӣ? Ин маблағ дучанд мешавад! Касе савол дода, ки "ин хонаҳоро кӣ мехарад?" Ба назар мерасад, ки мо ҳама кӯр шудаем! Мебахшед.

Аз Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия хохиш карда мешавад, ки ширкати стройэлитсервисро, ки рохбараш Давлатов Иззатуло Нусратуллоевич мебошад мавриди санчиш карор дихед ва мебинед,ки ин ширкат худ аз руи кадом нархгузори андоз месупорад. Ва ё умуман хамин ширкат андоз месупорад.Чун ки хар як корманди андоз ки ба корхонаю муассисахо барои гузаронидани санчиши мачмуии андоз мераванд вазифадор карда мешаванд, ки ба суратхисоби ширкати мазкур пул гузаронанд.

56
Барои кумитаи андоз конунхои иктисоди бозоргони амал намекунад магар?О агар ракобат набошад пас нарх чи гуна паст шавад?Ин хонахо аз бучаи шахр маблаггузори шаванд пас бояд арзон бошад.

Юсуф
Бародар худат хам ё аз "фабрикаи чавоб" хасти ё худро ба нодони мезани. Тамоми мушкилихои сангин ва балохо вобаста ба гаронии сохтмон махз аз хамин Убайдулоеват вобастаги дорад.
Баъд, ин ки ду ширкатхои бузурге, ки нархи хонаро дар Душанбе киммат нигох медоранд, ки яке аз онхо рохбар ва сохибмулкаш кудои худи Убайдуллоев ва дигараш ширкати "На-на" аст, ки рохбараш Навруз аст.
Дар кадом кишвари дунё дидед, ки раиси пойтахт, ки рохбари макомоти хокимияти давлати аст, хамзамон рохбари макоми конунгузори кишвар бошад.
Хукукшиносони маъруфи Точикистон ва Суди конститутсиони ба ин ин чи мегуфта бошанд??? Боз мегуем, ки се шохаи хокимият тибки Конститутсия мустакиланд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)