Бахшҳо

Суҳбат бо "Шайх Темур": Шайх нестам ва худамро Пайғомбар нагуфтаам (ВИДЕО)

Саид Маҳдӣ Сатторов, мулаққаб ба “Шайх Темур” мегӯяд шайх нест ва ҳеч гоҳ худашро Пайғомбари охирзамон ҳам эълон накардааст. Ӯ ин ва дигар суханҳоро дар бораи ҳақиқат ва дурӯғи филми “Ривояти Шайх Темур” ва паҳлуҳои зиндагии худаш дар суҳбати ихтиссосӣ ба хабарнигори ҳафтаномаи "Тоҷикистон" Абдумудассир Аҳмадзода зикр кардааст. Ин мусоҳиба дар ду шумораи ахири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (6, 7 (1100/1101) 12/19 феврали соли 2015) нашр шуда.

Шайх нестам, тоҷикам

Саид Маҳдӣ Сатторов, мулаққаб ба Шайх Темур дар ин суҳбат гуфтааст, ки ӯ шайх нест: “Не, ман Шайх не, ман тоҷик ҳастам. Шайхҳо дар Арабистон мешаванд. Онҳо пулу моли зиёд доранд.... Завод доранд, фабрика доранд”.

Хабарнигори ин нашрия менависад, ки Маҳдӣ Сатторов ба назди онҳо бо ҷомаи хеле чиркин ҳозир шудааст. Алорағми гуфтаҳои муаллифи филми “Ривояти Шайх Темур”-и Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон Сатторов гуфтааст, ки аз зани аввалааш ҷудо нашудааст ва бо бародараш ҳам ҷанҷоле накардааст, балки замоне мехост ба Пашми куҳна, деҳаи баландкӯҳе дар водии Қаратоғ биравад, занаш ва фарзандонаш розӣ нашуданд, ки бо ӯ бираванд. Ба гуфта ӯ падараш замоне дар ин деҳа хона ва сукунат доштааст. Ин қаҳрамони чанд ҳафтаи ахири расонаҳо эътироф кардааст, ки дар солҳои 80-уми асри гузашта воқеан ду зан доштааст ва барои ин зиндон ҳам шудааст: “Ин маҳрумшавии ман аз озодӣ дар асоси аризаи як занам буд, ки ду зан байни худ моҷаро карданд ва маро яке аз онҳо ба суд дод. Баъд аз ҳардуяшон ҳам ҷудо шудам”.

Сатторов ҳарчанд дар ин суҳбат эътироф кардааст, ки чанд зан дорад, вале теъдодашонро нагуфтааст. “Вақте дар қишлоқи боло будем (Пашми куҳна) бо иҷозати оилаам боз бо як нафар хонадор шудем, ки аз вай панҷ фарзанд дорем. Баъд боз бо иҷозати ин оилаам ба як духтаре хонадор шудам, ки касалии руҳӣ доштааст. Хонаро гарм кардан натавонист, наистод, аз вай ҷудо шудам” - зикр кардааст “Шайх Темур”.

Маҳдӣ Сатторов гуфтааст, ки воқеан аз занҳояш 20 фарзанд дорад ва танҳо агар бо онҳо рӯбурӯ шавад номҳояшон ба хотираш мерасанд. Ҳамчунин гуфтааст, ки номи Маҳдиро ба худ на бахотири ин ки ӯ худро Имом Маҳдӣ эълом дорад, ихтиёр кардааст, балки “ҳанӯз дар бачагиям падарам ба ман ин номро гузошта буд. Аммо фаромӯш шуд... Баъдан ба ман барои номи Темур бисёриҳо интиқод карданд ва дар ҳар куҷо “Шайх Темур” мегуфтанд, ки ба худам ҳам маъқул набуд. Ман бо иваз кардани номам хостам, ки фарзандонам бо ҳамин ном насаби худро гиранд”.

Ман худамрро Пайғамбари охирзамон нагуфтаам

“- Кӣ гуфт? Инро дигарон гуфтаанд, на ман... Пайғамбар дар китфашон муҳри нубувват доранд, ки мисли тухми кабк аст. Одамоне, ки инҷо меоянд ҳама бесаводанд, аробакашанд ва онҳо намефаҳманду ҳар гапро мегӯянд”- омадааст дар мусоҳиба.

Маҳдӣ Сатторов наворҳоеро, ки дар телевизион дастбусии муридонаш ва ҳато бӯса задан ба мошине, ки ӯ савор буд пахш гардид, эътироф кардааст. Аммо таъкид кардааст, ки худаш ин амалро ҳам хуш надоштааст. Доштани саллаи кабудро ҳам, ки муридонаш мебастаанд, гуфтааст, ки ифодакунандаи ҳеч ҳадафе нест ва тавсия ҳам накардааст. Фақат ин ки салла суннати пайғамбар аст ва рангаш муҳим нест: “Қиблагоҳи мо ҳамин ранг салла доштанд, Эшони Абдураҳмонҷон ва Домуллои Ҳисор ҳам ҳамин ранг салла доштанд...”.

Бале, калонҳои Душанбе меомаданд

Шайх омадани одамони баландпоя ва мансабдоронро ҳам ба ҳузураш таъйид кардааст, вале аз онҳо ном набурдааст: “Бале, ба назди мо ҳар хел одамони зиёд меоянду ихлос карда, дуо мегиранд.... Ҳаққи гапро гӯям ба назди ман бисёр калонҳо аз Душанбе ҳам меомаданд, аммо номҳояшонро намедонам”.

Яке аз муридони Сатторов бо номи Эшони Фузайл, ки ҷиянаш низ мешудааст, ба хабарнигори ҳафтанома гуфтааст, Шайх мактаб сохтааст ва об гузарондааст. Худи Сатторов ишора намудааст, ки ин корҳоро аз ҳисоби мардум, ки маблағ медодаанд ва боз боғ доштаасту се говашро фурӯхтааст, роҳандозӣ намудааст.

Ба масҷид намеравам. Нақшбандӣ ҳастам ва ба Ҳақ нарасидаам

Ҷаноби Сатторов таъйид намудааст, ки ба масҷид намеравад ва ҳамчунин ба намози ҷумъа ҳам намеравад. Далели инро чунин тавзеҳ додааст: “...шароит нест... Дар деҳаи боло як меҳмонхонача дорем, дар ҳамон ҷо мехонам...”. Ӯ гуфтааст, ки пайрави ҷараёни Нақшбандия аст ва худро дар зиннаи аввали ин равия медонад ва даъвии ба Ҳақ расидан надорад. Ба онҳое, ки ба наздашон меоянд вазифа медиҳад.

Дар навори филме, ки дар телевизион чанд бор такроран пахш шуд, гуфта мешуд, ки Маҳдӣ Сатторов падару модари як духтаракро аз тариқи муридонаш таҳдид кардааст, ки агар духтарашонро барои ҳамсарии ӯ надиҳанд, дуо мекардааст ва онҳо ба фалокат дучор мегардидаанд. Аммо “Шайх Темур” гуфтааст, ки вай барои надодани духтарашон, ҳеч оиларо “дуо-пуо намекунад”. Инро кори тақдир донистааст. Ҳамчунин гуфтааст, ки чилланишинӣ намекунад, зеро барои чилланишинӣ шароит мавҷуд нест.

Ба якчанд суоли хабарнигор Сатторов чунин посух додааст:
Суол: Чун Шумо на дуо мехонед, на табобат мекунед ва на кори дигареро иҷро мекунед, чаро мардум ба назди Шумо бо дастовез меоянд? Мақсадашон чист?
Посух: Бале, онҳо ба назди мо меоянд. Яке фарзандаш дардманд аст, дигаре худаш бемор аст ва боз ҳастанд онҳое, ки барои кушоиши корашон меоянд. Ҳар ки бо дарди худ...
Суол: Пас, Шумо чӣ кор мекунед?
Посух: Мо, фақат дуо медиҳему маслиҳат. Ба яке мегӯем, ки рафта мазороти ватанашонро зиёрат карда табобат пурсанд, ба дигаре оби дам медиҳему ба сеюмӣ дуо...

Ин ки онҳо шифо меёфтаанд ё не, гуфтааст “Намедонам”.

Ҳоло “Шайх Темур” бо қарори Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми феврал барои 2 моҳ, ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Абдулҳаким Холиқов, раисикунандаи мурофиаи “Шайх Темур” дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дархости ҳабси пешакии “Шайх Темур” аз ҷониби Додситони кулли Тоҷикистон ироа шуд. Шайх Темур аз рӯи моддаи 250 қисми 4 - тамаъҷӯӣ ба миқдори махсусан калон, моддаи 170 - бисёрзанӣ ва 164 - монеъ шудан ба таҳсили фарзандон, муттаҳам мешавад.

Амволи Шайх Темур, ки ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо ишораи “шарҳи мақомот” баршумурдааст:

Манзил бо 8 сотих замин дар ш. Турсунзода.
Манзили сеҳуҷрагӣ дар ш. Турсунзода.
Магазин бо 8 сотих замин дар ш. Турсунзода
Манзили истиқоматӣ бо 10 сотих замин дар ҷ.д. Работи ш. Турсунзода.
Манзили истиқоматӣ бо 12 сотих замин дар деҳаи Сангмелаи Муллои н. Шахринав.
Ҳафт гектар замин дар деҳаи Пашми куҳнаи н. Шаҳринав (иҷора)
Манзили истиқоматӣ бо 54 сотих замин дар н. Шаҳринав
Манзили истиқоматӣ дар н. Ҳисор
Манзили истиқоматӣ дар ш. Душанбе.


"Ривояти "Шайх Темур", ки тариқи шабакаи аввал пахш гардид:

Мӯҳр
ассалому алайкум ва рахматуллох бародарони азиз
ин гуна шахсро бояд ба зиндон ба мухлати 15 сол низомаш сахт равона кард зеро ингуна ашхос исломро паст мезананд ва инсонхоро гумрох мекунанд ва ба ширк даъват мекунанд

муосир
ин кадар занхоро нигоху бин накардааст, кудаконро бесавод кардааст яъне фарзхои исломиро ичро накрадааст

Озод
Ба яке мегӯем, ки рафта мазороти ватанашонро зиёрат карда табобат пурсанд, ба дигаре оби дам медиҳему ба сеюмӣ дуо...
Темур Сатторов одами бесавод будааст. У на мулло асту на табиб. Барои ин маслихаташ у ба куфр рафтааст.
Кадом мазор ба бемор шифо додааст? Боз мегўяд наздам одамони бесавод меоянд...

ба худододагон ситеза макун ки онхоро Худо додааст.

Афсус ки аксари мардуми мо бесаводу бефарханганд. боз таърифу тавсифи бехуда , ки мо мардуми точдор. наход одами точдор мошинро буса кунанд..... Наход точдорро арабхои мансабпарасту пулпараст фиреб Диханд..... наход точдор кашшоктарин давлати собик шурави бо 8 млн ахолиаш дар давоми 22 сол боки монад, хол он ки хитой бо 2 млрд ахоли дар давоми 10 сол иктисоди амрикоро гузашт. ....кариб 1.5 млн точдорон дар русия хавлируби мекунанд.... ин точи мо барои чи даркор бошад. ?......
Лекин умед аст хамааш хуб мешавад....

Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Хар айбе ки хаст дар мусалмонии мост.
Пушида нест, ки 99%-И ахолии мо мусалмонанд. Имруз динни Исломро як воситаи "пулкуоркуни" истифода бурда истодаанд. Пули бе дарди миён, як дуои дуругу рост 100$? 1000$ ё як хона. Охир шукри худо гуед, намешавад??? Имдодро бояд аз Худо пурси на инки аз як бандаи Шайтонсираташ. Дар дигар давлатхо мефахми ки одамон ба кайхон парида истодаанду дигар заминхоро кашф карда истодаанду бинохои баландтаринро сохта истодаанду мо чи ?? Мо бошем пулу моламонро на барои савод омухтану илми дунёи омухтан, аз пушти ким-кадом муллою домулло оби тахорати уро нушида гаштем. Юсуф (а) вакте ки дар зиндон буду аз як ёрдамчии шох мадад хоста буду на аз худо, аз тарафи худованд ба назди у фариштахо омадан ки ба у паёми худовандро расониданд, ки барои ин амалаш боз 7 соли дигар ба кунчи зиндон равонааш намуданд. Пайгамбари Худо бар ивази он, 7 соли равонаи зиндон шудану худованд бахшиданаш аз хурсанди дар куртааш намегунчид, Мо бошем чи як одамсурати шайтонсиратро аз пайгамбарону дустони худованд, зиёдтар парастишу хизмат мекунем, дар наздаш хазор бор таъзим мекунанд, аз дари хонааш кафонаки мебароянд, ки мабодо нисбати у нохурмати нащавад, ки Сайидмахдихон боз аз онхо хафа шаваду онхоро дуои бад кунад. Ба худо ин хандаовар аст. Боз ба муридонаш мегуфтааст, ки "Ба фалони расонед, ки духтарашро ба ман дихад, агар надихад уро дуои бад мекунам, даррав дуои ман уро мегирад". Магар Саидмахдихон аз паёмбарону дустони худо бузургтараст???

Saif
Оиди ин масъала якчанд гуфтание дорам:
Аввал ин ки Шайх Темур шояд ба шахспарасти, ширк ва ё ягон амали номатлуб даст задааст (Аллох доност) ва сазояшро имруз дид.
Дуввум оиди журналисте, ки мегуфт у худро паямар ё эмом Махди эълон кардааст, дуруги махз ва тухмати ошкорост, чунки ягон далел надошт. Агар ин журналист ягон сабт ё шахсеро пешниход мекард, ки у чунин гуфтааст ё акаллан аз худи хамин Шайх-Темур мепурсиданд ва у эътироф мекард , ин дигар гап буд. Журналист хатто оиди Эмом Махди тасаввурот ва маълумоти кофи надошт.
Саввум оиди хатибоне,, ки ба кавле аз ин шайх суол мекарданду уро ислох мекарданд: Ман сад дар сад бовари дорам, ки то сар задани ин мочаро онхо садхо бор ба зиёрат омадаанд ва нагз медонистанд, аммо имруз онхо гуфтаи Паямбар ( С.А.С.) -ро ки "Изои мумин харом " гуфтааст, фаромуш намудаанд. Шайх Саъди мефармояд:
Матоб эй порсо руй аз гунахкор,
Ба бахшояндаги бар вай назар кун,
Агар ман ночавонмардам ба кирдор,
Ту бар ман чун ЧАВОНМАРДОН гузар кун!!

Уро бахшидан даркор барои он ки пир шудааст ва у гунахкор нест ки мардум аз бесаводии худ уро авлие кардаанд. У пир шудааст ва ин кадар амволро ба гардани у бор кардаанд ое хамин рост бошад, албатта не. Бовариам намеояд ки ин солхурда хисобу китоб карда тавонад, хамааш дуруг. ТВТ бошад барои реклама чойхояшро монтаж кардааст маълум.

ватан дуст
Шумо точикон ба кадри ин дустони ОЛЛОХ то мерасад ки дер мешавад У хеч гунохи надорад аз ХУДО тарсед барои чи хукумат доронро намебинед бисёр заниашонро чанд то магазин чанд то хона чандто мошин чанто замин инро намебинед магар пеш аз якасро таъна кардан ба хама тараф нигох кунед дустон азиз

мухочир
бародарон ин аз кучо инка хонаву даро паидо кард инро калонхо аз Душанбе тухфа кардан.калонхо аз кучо ёфтан аз рохи харом бо дарои харом рафтан.

локин
озодагон чоп мекуни пра чоп кун намекн ранги озодиворе чоп накнсаид,

Ба фикрам рейди муллохои зинокор тамом шуд. Акнун навбати дузанаву хаштзанахояшро расид.

ман аз кори макомот сад дар сад розиям ки бар зидди кирдорхои ношоям мубориза мебаранд. Агар хуб мешуд амволи раисону вазиронрохам хисоб мекардеду бо моши мегирифтаашон мукоиса мекардед ки аз кучо икадар касру мошинхои гаронарзишро гирифтаанд. Ба шайх ин хонаву дар ё дигар амволе,ки дар боло зикр шудааст, маълумаст ки ихлосмандонаш бо хохиши худашон додаанд. Ё аз пули даму чинхониаш паййдо кардааст. Мансабдороне, ки 800- 900 сомони маош мегиранду касрхои дусадхазордоллара мошинхои 30 - 40 хазордоллара доранд ба онхо ки пул медода бошад!?

8 mart,
aibi mo hamin ast, ki meguem, ki pir ast, ba koru kirdore ki az avval kardaastu to hol mekunad, ahmiyat namedihem, va inho ham az besavodii javonon va az rishi safed foida meeband, agar 4 zani digar ham peshnihod kuni ne hameguyand in pirxarxo

jura,
Чура! Ба ту як савол. Кадом араб ба кадом точдор гуфтааст, ки ин хурофотхоро бику? Ин як. Дуюм ин ки максад аз араб кист ? Пайгамбар (чонам фидояш)? Дини Исло муъминонро бародар хондааст. Яъне зиёда аз якуним милиард одамро. Ту бо ин миллатгароият худро аз пайгамбар боло гирифта истодаи ё бадбини Ислом хасти?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)