Бахшҳо

Мавлавӣ Маҳмуд: Аз Шайх Темур се сол пеш хабар дода будем

Мавлавӣ Маҳмуд, узви Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон қазияи Шайх Темур, қаҳрамони филми мустанади “Ривояти Шайх Темур”-и Шабакаи аввали телевизиони давлатии кишварро мусибат хонда, гуфт, онҳо аз вуҷуди ин гуна шахс ҳанӯз соли 2012 хабар дода буданд.

Ӯ ки 13 феврал дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар намози ҷумъа мавъиза мекард, изҳор дошт, “соли 2012 Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфта буд, тариқаи пешгирифтаи ин шахс барои ислоҳи мардум комилан ғалат аст ва мардум набояд аз ӯ итоат кунанд.”

Мавлавӣ Маҳмуд дар идома аз сокинон даъват кард, ба гуфтаву фармудаи руҳониёне гӯш бидиҳанд, ки шаҳодатномаи фориғутаҳсилии ягон таълимгоҳи расмӣ, аз ҷумла Донишкадаи исломии Тоҷикистонро дошта бошанд: “Исломро аз инсонҳое бипурсед, ки онҳо санад доранд ва дар Донишгоҳи исломии Абуҳанифа таҳсил кардаанду ба эшон шахсони муътабар дарс гуфтаанд. Ростӣ, ҳамчун корманди Маркази исломӣ ин чизҳоро барои худ мусибат медонем ва ҳар шабе, ки тавассути телевизион ингуна барномаҳоро мебинам, субҳ ба нақлиёти мусофирбар (маршурутка) намешинам, чун фикр мекунам, маро бубинанд, мегӯянд, ин ҳам яке аз онҳост.”

Суҳбати Мавлавӣ Маҳмуд дар бораи Шайх Темур дар ҳолест, ки гуфта мешавад, дар дигар масоҷиди ҷомеи Душанбе низ ҳангоми хутбаи намози ҷумъа ба қазияи ӯ ишораҳо шудааст. Таваралӣ, як намозгузори масҷиди “Имом Бухорӣ”-и ноҳияи Шоҳмансур мегӯяд, имом-хатиби онҳо низ аз қазияи “Шайх” ёдоварӣ кард ва аз сокинон хост, пайрави руҳониёни воқеӣ бошанду ба доми ба гуфтаи ӯ “авлиёҳои худхонд” наафтанд: “Аммо ӯ гуфт, мусалмонон бояд пешвоёни динро эҳтиром бигузоранд, аммо то ҳадди мумкин”.

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6 феврал филми мустанадеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод, ки аз мардумфиребиҳои Сайидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекард. Таҳиягарони ин филм гуфтанд, Сайидмаҳдихон Сатторов соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, то соли 2012-ум номи ӯ Темурхон будааст: “Аммо охири соли 2011 ва аввали соли 2012 худро миёни муридон “Маҳдии охирзамон” гуфта, номашро расман Саидмаҳдихон Сатторов кардааст.”

Ӯ як шахси соҳиби маълумоти нопурра муаррифӣ шуд, ки дониши нахустини диниро аз падараш омӯхта ва худро миёни мардуми водии Ҳисор “авлиё”, “шайх” ва “имом Маҳдӣ” гуфта, духтарони ҷавонро ба никоҳаш медаровардааст. Дар ин гузориши телевизионӣ ба дороиҳои Сатторов низ ишора гардида таъкид шуд, аз ҳисоби муридонаш соҳиби молу мулк шудааст. Муридон ба ӯ то ҳадде ихлос доштаанд, ки молашонро тақдим мекардаанд, мошинашро мебӯсидаанд ва оберо, ки шайх дар он даст мешустааст, бо навбат менӯшидаанд. Муридонаш, ки дар пайравӣ ба ӯ саллаи кабуд мебастаанд, миёни мардум ҳамчун “саллакабудҳо” маъруф будаанд. Муридон нафаронеро, ки барои ба зании “шайх” додани духтарони ноболиғашон розӣ намешудаанд, бо он тарс медодаанд, ки “авлиё” дуои бадашон мекунаду ба балое гирифтор мешаванд. Ба иддаои таҳиягарони филм, “Шайх Темур” соҳиби 7 зан ва 20 фарзанд буда, бештари занҳояшро дар синни 15-18 солагӣ ба никоҳ даровардааст.
Мӯҳр
Абдулло
Озодагон як савол, аз куҷо фаҳмидед он кас МАВЛАВИСТ, ИЛТИМОС ҷавоб диҳед....

кулоби бача
786
Салом.
савол. Донишгохи исломиро хатм куеи чи званиё мета, мавлави мавлоно ё чизи дигар?
саволи дигар. Ин мавлави Махмуд званиша аз кучо гирифтааст? Ва оё мадрак ва дипломи донишгохи исломиро дорад?

Беном
Ин то чумьайи оянда чи вазифаро мегирифта бошанд аз хочагони худ.инхо фардо ба Худо чи чавоб гуянд.

Мавлави Маҳмуд, оё ин ин шайх Темур ягона нафарест, ки мардумро гумроҳ сохтааст? Оё дигар домулоҳою махсумҳою ҳазратҳо аз у дида камтар ин амалҳоро анҷом медиҳанд? Барои чи аз онҳо сухан намегуед ва мардумро аз гумроҳ шудан огаҳ намесозед? Ё ин бечора дар елитаи шумо бесоҳиб аст?
Барои мисол Домуло Ҳ... махсуми З... эшони Х... ва ғайраҳои дигар.
Хоҳишмандам беғаразона посух диҳед.

БЕНОМ
БАРОИ ТОЗА КАРДАНИ САФХОИ БРОДАРОНИ ИСЛОМИ АЗ ХАР ГУНА НОПОКИХО КУШИШ НАМОЕД .ДАР ТИНЧИВУ АМОНИИ ТОЧИКИСТОН САХМГУЗОР БОШЕД .НАЗДИ ХУДОВАНД ДУСТДОШТА ВА НАЗДИ ХАЛК БООБРУ ХОХЕД ШУД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)