Бахшҳо
09 окт 2015 08:45Тоҷикистон / Сиёсат

“Рӯ ба рӯ”: Аз талоши эҳёи забони тоҷикӣ то қасди тарки комсомол

Нуралӣ ДАВЛАТ

Мақолаи мазкур таърихи ташкили нахустин созмонҳо, аҳзоби сиёсӣ ва ҳаракатҳо дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Бахши нахустин ба фаъолияти клуб ё маҳфили сиёсии “Рӯ ба рӯ”, ки асосан дар охири солҳои 80-уми қарни гузашта дар шаҳри Душанбе фаъолият дошт, бахшида шудааст.


(Идома. Аввалаш инҷост)

МУБОРИЗАИ СОҲИБЗАБОНОН

Клуби сиёсии "Рӯ ба рӯ" расман дар моҳи майи соли 1989 ба фаъолият шурӯъ кард, аммо заминаи таъсиси он дар раванди мубориза барои мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ дар охири моҳи феврали ҳамон сол фароҳам омад. Ин раванд дар ибтидо дар ҷумҳуриҳои лаби Балтик - Эстония, Латвия ва Литва шурӯъ шуд ва баъдан дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравиро фаро гирифт. Ҷумҳуриҳои минтақаи Қафқоз ҳанӯз дар соли 1978, замони қабул шудани Конститутсияи брежневӣ тавониста буданд забонҳои худро расмӣ кунанд. Албатта, барои Маскав хушоянд набуд, ки ба забонҳои миллии ҷумҳуриҳои Қафқоз мақоми давлатӣ бидиҳад, аммо ин аз маҷбурӣ буд, чун дар Маскав дарк карда буданд, ки имкони сар задани нооромиҳо вуҷуд дорад. Аммо дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ҷумҳуриҳои Лаби Балтик ва Украинаву Молдова низ ин раванд дар миёни мардуми бумӣ ҷонибдории густурда пайдо накард.

Бозсозии Горбачёв имкон дод, ки равшанфикрони ҷумҳуриҳои миллӣ проблемаҳои вобаста ба худшиносӣ, фарҳанг, таърих, забон ва ғайраро дар расонаҳо мавриди баррасӣ қарор бидиҳанд. Дар Тоҷикистон қишри равшанфикр ин корро аз баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ, ки мероси хаттии он беш аз як ҳазор сол таърих дошт ва бо ин забон шоирону олимони бузург осори ҷовидонӣ таълиф намудаанд, шурӯъ карданд. Нахустин нафаре, ки дар ин росто садо баланд кард, корманди Институти фалсафа Мирбобо Мирраҳимов буд. Мақолаи пурсарусадои ӯ - "То ба кай об аз таги ях меравад?" дар ибтидои моҳи январи соли 1988 ҷумҳуриро такон дод.

Тибқи иддаои бархе кормандони собиқи КГБ-и РСС Тоҷикистон, раиси ин ниҳод В. В. Петкел ва аксар тобеони ӯ аз ҳисоби миллатҳои ғайр ва тоҷикони русшуда комилан мухолифи давлатӣ шудани забони тоҷикӣ буданд. Як сол баъд, яъне дар ибтидои соли 1989 мубориза барои додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ дар миёни сокинони бумии Тоҷикистон ҷонибдории густурда пайдо кард. Расонаҳои тоҷикзабон ҳар рӯз ба ҷонибдорӣ аз мақоми давлатӣ гирифтани забони точикӣ мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва номаҳои мардумро чоп мекарданд ва ахиран ин мубориза боиси баргузор гардидани нахустин гирдиҳамоӣ дар Тоҷикистон шуд. Идеяи таъсиси маҳфили сиёсӣ-мубоҳисавии "Рӯ ба рӯ" маҳз рӯзи 24-уми феврали соли 1989, ба дунболи баргузор шудани ҳамин гирдиҳамоӣ ба миён омад. Яке аз ташаббускорони ин чорабинии сиёсӣ шоир Зиё Абдулло буд.

Солҳо баъд ӯ дар хотироташ қисса мекунад, ки раванди баррасии мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ ибтидои соли 1989 дар Иттифоқи нависандагон авҷ гирифт. Ба қавли мавсуф, дафтари кори ӯ ба ситод табдил ёфт ва ҳар рӯз номаҳо ба ҷонибдорӣ аз забони тоҷикӣ даста-даста мерасиданд. Аз ҷониби дигар, гурӯҳҳои фаъол дар Душанбе ва атрофи он тарғибу ташвиқро ба роҳ монда, сабаби зарурати мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикиро ба мардум мефаҳмониданд.
- Муаллимҳо низ дилсӯзӣ нишон медоданд. Аз ноҳияҳои дур дилсӯзон номаҳо меоварданд, маслиҳатҳо мепурсиданд. Аз корхонаҳо низ 1 ваҳдати аҷиб ба рӯидан даромад. Ҳатто аз Кумитаи амният дилгармӣ ҳис мешуд,- менависад Зиё Абдулло дар хотироти худ. Зиё Абдулло мегӯяд, ки Ҳукумат интизори як такони зиндатар буд, то ки бо пешниҳоди ин далел аз Москва иҷозати ризоияти хомӯшонаро бигирад ва ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ бидиҳад. Азбаски ягон ишораи махсус набуд, Зиё Абдулло ва ҳамсафонаш тасмим мегиранд, ки аввалин гирдиҳамоиро дар шаҳри Душанбе баргузор кунанд. Ин кор рӯзи 24-уми феврал амалӣ гардид. Ширкаткунандагони ин гирдиҳамоӣ донишҷӯён, устодони макотиби олии кишвар ва кормандони Академияи улуми Тоҷикистон буданд.

ИТТИҲОД БО КОМСОМОЛ

“Рӯ ба рӯ”: Аз талоши эҳёи забони тоҷикӣ то қасди тарки комсомолБа қавли яке аз фаъолони сиёсии охири солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90-ум Шарофиддин Имомов, гирдиҳамоиро аз дур роҳбарони ҷумҳурӣ - котиби якуми Комитети марказии Партияи коммунистии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ва муовини ӯ Пётр Лучинский назора мекарданд. Ш. Имомов дар ин росто мегӯяд, ки эҳтимол идеяи таъсиси клуби сиёсиро дар Тоҷикистон маҳз П. Лучинский дода бошад. Аммо Зафар Заидов, мудири шӯъбаи идеологии созмони комсомоли Тоҷикистон мегӯяд, ки идеяи таъсиси маҳфили "Рӯ ба рӯ"-ро ӯ ба ташаббускорони гирдиҳамоӣ худи ҳамон рӯз шахсан худи ӯ додааст.

Собиқ мудири шӯъбаи идеологии созмони комсомол мегӯяд, ки баъди анҷоми гирдиҳамоӣ ӯ ба масъулони митинг пешниҳод кардааст, ки барои ҳалли мушкилот ва гирифтани маълумоти саҳеҳ аз намояндагони мақомоти расмӣ маҳфил таъсис дода шавад. Ин андешаро, ки идеяи маҳфил дар рӯзи баргузории гирдиҳамоии рӯзи 24-уми феврали соли 1989 ба вуҷуд омад, котиби масъули "Рӯ ба рӯ" Ҷумъахон Исоев низ таъйид мекунад. Ӯ дар як мусоҳибае, ки 1-уми октябри соли 1989 бо ҳафтаномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" доир карда буд, мегӯяд, ки баъди гирдиҳамоӣ мутасаддиёни комсомол бо онҳо вохӯрданд ва пешниҳоди ҳамкориро доданд. Ба гуфтаи Ҷ. Исоев, баъдан якчанд сӯҳбати дигар миёни ҷонибҳо низ баргузор гардид ва тасмим гирифта шуд, ки маҳфиле сиёсӣ–мубоҳисавӣ бо номи "Рӯ ба рӯ" таъсис шавад.

Нахустин хабарҳо дар бораи таъсис шудани ин маҳфил дар ҷумҳурӣ баҳори ҳамон сол дар рӯзномаҳои "Ҷавонони Тоҷикистон", "Комсомолетс Таджикистана" ва "Адабиёт ва санъат" чоп мешаванд. Мақсад аз таъсиси созмон ин буд, ки дар ҷаласаҳо ҷавонон ҷамъ оянд ва бо кормандони масъули ҳизбу давлат, олимону адибон вохӯрӣ намуда, масоилу мушкилоти ҷомеаро якҷоя баррасӣ намоянд ва роҳи ҳалро пешниҳод кунанд. Ахиран дар яке аз ҷаласаҳои Комитети марказии комсомоли ҷумҳурӣ бо ширкати ҷавонони шаҳри Душанбе, ки аз фаъолони гирдиҳамоӣ шинохта мешуданд, Шӯрои маҳфил интихоб мешавад ва клуби "Рӯ ба рӯ" ба фаъолияти худ оғоз мекунад. Ба қавли котиби масъули клуб Ҷумъахон Исоев ин созмон мақсадҳои мушаххас дошт, аз ҷумла:
- "Рӯ ба рӯ" тарафдори баробарҳуқуқии миллатҳост, бузургманишӣ ва миллатгароиро маҳкум мекунад.
- Маҳфил озодии комили виҷдони ҳар як шахсро ҷонибдорӣ намуда, мухолифати худро бо таассуб ва моҷароҷӯӣ эълон мекунад.
- "Рӯ ба рӯ" талош меварзад, ки органҳои қонунгузори Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони ҷумҳуриро мутобиқи Эъломияи ҳуқуқи башари СММ тартиб дода, онҳоро тасдиқ намоянд.
- Маҳфил лозим медонад, ки ҳамаи қонунҳою қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои муҳими ҷумҳурӣ тавассути референдум қабул шаванд. "Рӯ ба рӯ" мекӯшад афкори мардумро омӯзад ва натиҷаҳои онро ба комиссияҳои махсус пешниҳод кунад.
- Азбаски забон бузургтарин сармояи миллат аст, намояндагони маҳфил дар кори татбиқи қонуни забон ва эҳёю шукуфоии забони тоҷикӣ (форсӣ) фаъолона саҳм бигирад.

Рӯзи 21-юми март дар рӯзи таҷлили Иди Наврӯз дар боғи марказии ба номи Ленини шаҳри Душанбе боз як намоиши ғайрирасмии дигар ба хотири мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ доир гардид. Ширкаткунандагони ин гирдиҳамоии ғайрирасмӣ эълон доштанд, ки рӯзи 16-уми апрел дар варзишгоҳи "Спартак" боз як тазоҳуроти дигар ташкил карда, аз ҳукумат талаб мекунанд, ки забони тоҷикиро забони давлатӣ эътироф кунад. Тибқи қонун, ташаббускорони гирдиҳамоӣ бояд 10 рӯз қабл аз баргузор кардани чорабинии худ ба комитети иҷроияи пойтахт муроҷиат мекарданд, аммо ин кор сурат нагирифт. Ба ҳамин хотир, кормандони ҳафтаномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" ба муовини раиси комитети иҷроияи шаҳри Душанбе М. Саидова муроҷиат карданд, то ки вазъиятро барои хонандагон равшан кунанд. Тибқи иттилои ин нафари масъул, рӯзи 21-юми март ташаббускорони гирдиҳамоӣ ва фаъолони созмони комсомолии ҷумҳуриро раиси комитети иҷроия М. Икромов ба ҳузур пазируфт ва масъалаи доир кардани чунин як чорабиниро маъқул донист. Роҳбари комсомолони ҷумҳурӣ О. Ёқубов посухи муфассал дода, гуфтааст, ки шахсан худи ӯ бо ташаббускорони гирдиҳамоии дар рӯзи 16-уми апрел пешбинишуда вохӯрда, онҳоро бо Указ дар бораи барпо намудани митингу намоишҳо шинос кардааст.

Ба қавли ӯ, пас аз шинос шудан бо ин санад онҳо эълон доштаанд, ки масъулияти ин тазоҳуротро ба ӯҳдаи худ намегиранд. Аз ин рӯ, дар мӯҳлати муайяншуда ба комитети иҷроия дархост барои доир кардани гирдиҳамоӣ пешниҳод накардаанд. О. Ёқубов ҳамчунон иттилоъ медиҳад, ки ҳоло ҳеҷ зарурат барои доир кардани ин гирдиҳамоӣ вуҷуд надорад, зеро бюрои васеи КМ ҲКТ дар ҷаласаи махсус лоиҳаи Қонуни забонро баррасӣ карда, онро телевизиони ҷумҳурӣ намоиш дод. Ӯ итминон дод, ки забони тоҷикӣ дар Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мақоми давлатӣ мегирад ва лоиҳаи Конун дар матбуоти даврӣ ба нашр мерасад, аз ин рӯ, таъкид мекунад, ки рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" ва сокинони ҷавони ҷумҳурӣ дар муҳокимаи умумихалқии Конун дар бораи забон фаъолона ширкат варзанд ("Оё намоиш барпо кардан зарур аст?",- "ҶТ", 14.04.1989).

МИНБАРИ СИЁСӢ

“Рӯ ба рӯ”: Аз талоши эҳёи забони тоҷикӣ то қасди тарки комсомолДар ибтидо клуби "Рӯ ба рӯ" 114 нафарро муттаҳид мекард, ки аз он 28,8 %-ро донишҷӯён, 26,1%-ро кормандони Академияи улум, 18 %-ро устодони макотиби олӣ, 9 %-ро намоядаҳои ВАО, 5,4 %-ро намоядагони синфи коргар, 4,5 %-ро духтурон, 2,7 %-ро кормандони масъули ҳизбиву комсомолӣ ва 1,8 %-ро аспирантон ташкил медоданд. Шӯрои маҳфил аз 15 нафар афроди интихобшуда иборат буд. Мулоқотҳо дар як моҳ 1 ё 2 бор доир мегардиданд. Ба ҳайати Шӯрои "Рӯ ба рӯ2 Зафар Саидов, мудири шӯъбаи идеологии комсомол, Салим Аюбов - мудири шӯъбаи ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат", Абдуқодир Холиқзода - дотсенти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Мирзо Салимпур - донишҷӯи ДДТ ба номи В. И. Ленин, Барот Мақсудов - корманди кафедраи физикаи ядроии ДДТ, Ҳаким Абдулов - корманди лабораторияи Вазорати хизмати маишӣ, Саймуддин Оймаҳмадов - муовини раиси шӯъбаи Бунёди фарҳанг дар шаҳри Душанбе, Сафар Мастонзод - коргари фабрикаи пойафзоли шаҳри Душанбе, Ҷумъахон Исоев - корманди кафедраи химияи ДДТ шомил буданд.

Ба ақидаи М. Мирраҳимов, Ҷ. Исоев, Б. Мақсуд, С. Мастонзод ва чандеи дигар барои он мехостанд клуби "Рӯ ба рӯ"-ро таъсис диҳанд, ки бидуни минбари сиёсӣ, бидуни маҳфиле, ки тавонад ақлҳоро муттаҳид намояд, арзишҳои волои Мустақилият, бедории миллӣ, озодии ҳақиқии динӣ имкон надошт. Ҳамин тариқ, клуби "Рӯ ба рӯ" дар зери назорати комсомоли ҷумҳурӣ фаъолияти худро шурӯъ намуд. Ҷаласаҳои он дар Хонаи маорифи сиёсӣ (ҳоло Кохи Ваҳдат) доир мешуд.

Дар ин ҷаласаҳо муҳимтарин масъалаҳои барои ҷомеаи Тоҷикистони шӯравӣ муҳим мавриди баҳс қарор мегирифтанд, аз ҷумла, мустақилияти иқтисодӣ, забону фарҳанг, ислоҳот ва рушди мактаби миллӣ, давлат ва ҳуқуқ, демократия, табъу нашри китобҳо, таҳқиқоти сотсиологӣ, мушкилоти ҷавонон ва ғ. Бо гузашти чанд моҳ маълум гардид, ки бисёр фаъолони клуби "Рӯ ба рӯ" нияти аз зери чатри комсомол баровардани онро доранд. Ин кӯшишҳо ду сабаб доштанд. Якум, азбаски таҳаввулоти сиёсӣ босуръат идома меёфт, Кремл маҷбур мешуд, ки ба ислоҳоти сиёсӣ ҳарчи бештар либералитар кунад. Албатта, таҳаввулот рӯз ба рӯз ба пойи Ҳизби коммунист теша мезад ва ин ҳукуматдорони Тоҷикистонро нигарон мекард, зеро нуфузу обрӯи Ҳизби коммунист бештару бештар мерехт. Дуюм, фаъолони клуби сиёсии "Рӯ ба рӯ" аксаран аз комсомоли ҷумҳурӣ ягон вобастагӣ надоштанд, бинобар ин, ҳангоми мубоҳисаҳо рӯи хотир намедиданд. Ин амал боиси он гардид, ки ба фаъолияти маҳфил баҳои гуногун дода шавад.

Мо дар ин маврид ду нуқтаи назад орем, ки онҳоро инҷо зикр мекунем. Ба андешаи олимони таърихнигор Б. Шокиров ва А. Маҳмадкаримов фаъолони ин маҳфили дар назар "беозор" беш аз пеш талабҳои таҳдидомез пешниҳод карда, ба дӯғӯ пӯписа гузаштанд, зеро аъзои клуби "Рӯ ба рӯ" имкониятҳои воқеии Тоҷикистони шӯравиро ба назар намегирифтанд. Ба қавли ин ду пажӯҳишгар "онҳо роҳбаронро ба гуфтугӯи ошкоро даъват намуда… дар асл бо рафтору кирдори хеш обрӯю эътибори коммунистон ва роҳбарони ҷумҳуриро паст мезаданд, камбудиҳоро дастак карда, ба ҳиссиёти миллии одамон, алалхусус ҷавонон нохун мезаданд, ки дере нагузашта бор овард" (Б. Шокиров. А. Маҳмадкаримов: "Пайдоиши ҳизбу ҳаракатҳои нав дар Тоҷикистон ва фаъолияти онҳо", Душанбе, соли 1994. саҳ.33). Аммо муҳаққиқи дигар, яке аз фаъолони ин маҳфил Мирбобо Мирраҳимов иддао дигар дорад. Ӯ мегӯяд, ки "Рӯ ба рӯ" озодихоҳонро муттаҳид кард, шахсиятҳои барҷаста (масс. И. Абдуҷаборро) ба мардум шинос намуд ва дар муборизаҳо обутоб дод (китоби "То ба кай об аз таги ях меравад", соли 1998, саҳ. 78).

(Давом дорад)
Мӯҳр
Behtarin maqaola. Tashakur baroi chop. Xohishi xondani chunin maqolahoro doram

Kurush
az kormandoni Ozodagon xohish ki zudtar idomai mawzuro paxsh namoyand xele jolib... hamchun tojik mexoham ki haqiqati guzashtai xudro donam

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)